Бо баромади Кабирӣ, ки дар шаҳри Варшава дар конфронси САҲА  тавассути сомонаҳои Интернет ошно гаштем. М. Кабирӣ дар якчанд давлатҳои Аврупо буда, бо масъулин ва дипломатҳои аврупоӣ сўҳбат оростааст. Мавзӯи асосии ин сӯҳбатҳо  вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ҳодисаҳои ахири кишвар, вазъи авзо ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ будааст. Ӯ мисли шахси ватанфурӯш (ин амалро дигар хел номидан мумкин нест) Тоҷикистон ва давлатии онро дар назди дигарон бадном намудааст. Аввал ин, ки дар Тоҷикистон аллакай чунин ҳизб вуҷуд надорад. Аз тарафи Суди Олии ҶТ мамнӯъ гашатани ҲНИ айби давлати Тоҷикистон нест. Бигзор ҷаноби Кабирӣ аз худ ва аъзоёни ҳизби мамнӯъи худ домангир шавад. Дигар ин, ки бигзор масъулини Аврупо аз вазъи Тоҷикистон нигаронӣ накунанд. Тоҷикистон Ватани мост ва барои таъмини сулҳу ваҳдат халқи тоҷик ва давлати пойбарҷои Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои худ истифода хоҳад бурд.        Мехостем аз масъулини  Аврупои пурсон шавем, ки он амалҳои аз ҷониби намондагони “ватандўстӣ” ҲНИ дар Тоҷикистон рух дод, агар дар ватани онҳо ба амал меомад,  давлатҳои шомили Иттиҳоди Аврупо ба мисли Олмону Шветсария магар сари ифротгароёнро “сила” мекарданд. Ҳеҷ гоҳ! Пас барои чӣ онҳо ба суханони Кабирӣ гӯш дода, аз вазъияти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ менамоянд.

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ки ӯ тарафдори сулҳу субботи Тоҷикистон аст. Ин дуруғи маҳз аст. Агар ӯ ва тарафдоронаш бегуноҳ бошанд, барои чӣ аз ватан фирор намуданд? Ӯ боз дар бораи таҳлилу таҳлилгарони  вазъи иҷтимоиву сиёсии Осиёи марказӣ ва Тоҷикистон сухан мегӯяд.   Афсӯс, ки М. Кабирӣ ному насаби ин таҳлилгарон ба забон намегирад. Мо такроран ба ин ҷаноб гӯшрас менамоем, аз таҳлилҳои коршиносони хориҷи эҳтиёт бошанд. Дар гузаштаи на он қадар дур ин ба ном “таҳлилгарон”-и  зархарид (шояд онҳоро таҳмилгарон гуфтан ҷоиз бошад) вазъияти ҷомеаҳои якқатор давлатҳои Араб, Африқо ва Украинаро ба таври худ “таҳлил” карда буданд ва бубинед, ки имрӯз ин ҷомеаҳо ба кадом рӯзи сиёҳ гирифтор шуданд. Таҳлилгарони хориҷӣ ҳеҷ гоҳ манфиатҳои миллии моро, аз он ҷумла манфиатҳои аъзоёни ҲНИ-ро дифоъ намекунанд, онҳо аз паи  амали гардонидани манфиатҳои абарқудратҳо дар ин ё он давлат мебошанд. Ин ё он ҳизб ё созмон бошад, дар дасти онҳо лӯхтакеро мемонад, ки чи тавр хоҳанд ҳамон тавр бозӣ медоронанд.  Рафторҳои ахирини М. Кабирӣ ин чизро бори дигар исбот намуд.

Дар хулоса ҳамин чизро таъкид менамоям, ки мамнӯъ гаштани ҲНИ айби давлати Тоҷикистон нест, балки аъмоли ҷинояткоронаи  аъзоёни Шӯрои сиёсӣ ва аъзоёни ҲНИТ мебошад. Аз давлати Тоҷикистон домангир нашавед, айбатонро дар худ ҷӯед, мӯҳтарам М. Кабирӣ!

 

И Зокиров, устоди кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ