Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон  доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ  воқеан таҳдид мекунад.

Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназзами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад.

Аммо ҷоиз ба қайд аст, ки имрўз ба ҷои он ки созмонҳо ва ташкилотҳои амалкунанда муборизаи худро алайҳи чунин гурўҳҳои ифротӣ пурзўр намоянд, баракси ҳолат, ки дар минбари худ ба намояндагони ТЭТ мақоми махсусро муносиб донистаанд. Дар назар дорам САҲА-ро, ки ин ташкилоти бонфуз  ба ҷаласаи навбатии худ намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро, ки ин ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф гардидааст, даъват сохтааст.

Дастовардҳои маҳдуд ва ҷузъӣ дар мубориза бо терроризми фаромиллӣ, ки дар марзи асрҳо хислати оммавӣ пайдо кардааст, натиҷаи он аст, ки ин мубориза то ҳол фақат аз ҷониби давлатҳои алоҳида амалӣ мегардад.

Мутаассифона, дар ин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва татбиқи амалии барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризми фаромиллӣ бошад, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаст. 

Дар ҳоле ки ғалаба бар терроризм осон набуда, мубориза бо он тӯлонӣ ва душвор аст. Барои пиёда намудани ин ҳадаф аз усулҳои низомӣ ва ғайринизомӣ низ истифода мешавад. 

        Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасб намудааст.  Ва ё ба маъное, чашми ҳасуд бар ин миллати комилҳуқуқ мебанданд.  Тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ ба мо маълум буд, онҳо тамоми кӯшишу талоши худро ба он харҷ менамуданд, ки сохти конститутсионии мамлакатҳои ҷаҳонро халалдор созанд. Ба хотири он, ки мардумонро ба ҷониби хеш кашанд  эшон ҳаракат мекунанд,  бо ҳар роҳ,  шомили ин давлат шаванд  ва ҳамеша хоҳони онанд, ки фирефтагон  дар маҳалли зисти худ фармонҳои онҳоро иҷро кунанд.  Дар ҳамин ҳолат баъзе аз рафтору кирдори чунин шахсони ҳисси инсонӣ надошта, бармеояд, ки онҳо ҳатто саводи динӣ як тараф истад, саводи таърихӣ низ надоранд, ки аз худ барои ҳолатҳои гуногун истифода намуда, хешро аз вартаи ногувори бароранд. То кай ё худ чанд, рӯз онҳо бо ваъдаҳои дурӯғ фиребхӯрдагонро нигоҳ медоранд, билохира барои корҳои ифлоси худ истифода карда ба мақсади хеш мерасанд ва парвое надоранд, ки онҳо мурдаанд ё ин ки зинда. Бечорае, ки ба доми оташбор афтодаанд дар  ҷангҳои бемаъни ва ваҳшиёнаву беадолатона беному нишон шуда мераванд. Чунин ҳолатҳо  моро водор месозад, ки мо дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунем. Дар атрофи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид шуда , якҷоя бо ин вабои асри XXI  мубориза барем. Мардумро даъват кунем, ки ба донишомӯзи машғул шуда соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шаванд ва дар ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузоранд.  

Амиртемур Ваҳҳобов,

номзади илмҳои техникӣ,

декани факултети муҳандисӣ - технологӣ