Шукри истиқлолу ваҳдат, шукри номи Тоҷикистон мекунам,

Шукри халқу, шукри миллат обу хоки Тоҷикистон мекунам

 Оре, аввалан шукри бешумор мар Худовандеро, ки ба мо оромиро насиб кардааст ва соҳиби чунин Пешво кардааст. Дар чунин вазъияти хавфнок, ки моро айни замон иҳота кардааст моро мебояд, ки хеле ҳушёру зирак бошем. Чунки имрӯзҳо ҷомеаро хатаре падид кардааст ва махсусан ҷавононро. Қариб, ки ҳамаи башариятро ин хатар  ба ташвиш овардааст. Махсусан дар давлатҳои Сурия, Ироқ  ва давлати ҳамсояи мо Афғонистон ин хатаре, ки буд зарари худро ба ин давлатҳо расонд. Боиси таассуф аст, ки аз чунин амалҳои террористӣ ва экстримистӣ кӯдакон ва занони бегуноҳ зарар мебинанд. Дар чунин ҳолати хавфнок ҳамаи давлатҳоро мебояд, ки аз чунин ашхос давлат ва миллати худро эмин нигоҳ доранд.

 Саволе ба миён меояд, ки чаро ман сарлавҳаро Ҳизби нокомили Ислом ном гузоштам? Ҷавоб ин аст, ки ҳақиқатан Ҳизби Исломи набояд дар ҳар гуна амалҳои бад дигаронро ёри диҳад, балки онҳоро аз ин роҳ боз дорад ва ба чунин шахсон роҳи дурусти Исломиро нишон диҳад ҳол он ки   ривояте ҳаст, ки агар шахсе ба шахси дигаре дар анҷом додани кори бад ёрӣ ва мадад кунад ӯ низ дар ин гуноҳ шарик шуда ба худ гуноҳ мегирад. Дар ягон ҷои китоби муқаддаси Қуръон наомадааст, ки бояд мусулмон дар пайи озори дигар мусулмон бошад. Зеро ҲНИТ чанд соли охир ба назар мерасад, ки  аъзоҳои ин ҳизб ба корҳои номатлубе даст заданд, ки ин мувофиқ ба номи Ислом намебошад. Имрӯз баъзе ашхос низ ба назар расиданд, ки ҷавононро истифода бурда онҳоро фиреб мекунанд ва онҳоро ба ҳар гуна вазифаҳои номатлуб равона месозанд. Ба онҳо ваъдаҳои хушку холӣ дода онҳоро дар роҳи хатар мегузоранд. Вале ногуфта намонад, ки шахси мусулмон ин гуна корро анҷом намедиҳад.

Дар суханрониашон Асосгузори сулҳуВаҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони бисёр боандешаро баён карданд ки: “Террорист на дин на миллат ва на мазҳаб дорад.” Яъне чунин шахс хиёнаткор ба миллату дини худ мебошад.

Чунин шахсон номи муқаддаси Исломро истифода мебаранд, лекин худ душман ва сиёҳкунандаи номи ин дини мубин мебошанд.

Пешвои Миллат пайваста ба мо ҷавонон таъкид мекунанд, то мо зираку ҳушёр бошем ва соҳиби илму дониши мукаммал гардем, то моро дигар шахсони номатлубу беномус аз нодониамон истифода бурда, моро ба ҳаргуна роҳи хатар ва ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ фиреб созанд. Албатта ин суханон ва таъкидҳои Пешвои Миллат хеле бамаврид буда, дар чунин вазъияти хатарноки ҷомеа огоҳ шуданро водор месозанд. Ақл ва заковати худро аз даст надиҳем ва дар пайи кӯшиши обод ва хуррам гардонии кишвари зебои худ саҳми бо сазои худро гузорем. Мо ҷавонон ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарамон - Пешвои Миллат буда,  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки раиси ин ҳизб Пешвои муаззами Миллатамон мебошанд, дастгирӣ менамоем.

 Бинобар ин аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар кас бовар накарда, дониш ва заковати худро дар ҳама ҳолат аз даст надиҳанд. Зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хатар мебошад. Имрӯз давлати мо ва Асосгузори сулҳуВаҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон чӣ қадар ба ҷавонон ғамхори намуда, барои донишомӯзӣ соҳиби касбу ҳунар шудани ҷавонон, ҳамаи шароитҳоро муҳайё карда, аз мо талаб доранд, то ки мо илм ва дониш омӯзем. Айни ҳол дар Тоҷикистон ҲХДТ ин Ҳизбе аст, ки моро ба сӯи ояндаи дурахшон бурда истодааст. Ин Ҳизбро ҳамагон ҳам пиру ҷавон, ҳам зану мардони кишвар ҷонибдори мекунанд, ки ин аз боварии онҳо ба ҲХДТ шаҳодат медиҳад.

 

           Эй шӯълаи тобанда фардот дурахшон бод.

           Насли ману оянда фардот дурахшон бод!

 

Амриддин Азизов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд