Интихоботи соли 2015 доир шуда дар Тоҷикистон иродаи сиёсии мардумро муайян намуд. Дигар мардум на ба ҳизби замоне ормонии мардум- ҳизби коммунист бовар доранду на ба ҳизбе, ки номи мубораки исломро дорад. Зеро ҲНИТ чеҳраи аслии худро дар интихобот ва пас аз он нишон дод.  Дурустараш дархӯри рози ниёзи мардум нагардид. Раёсати олии ҳизб борҳо дар Анҷуману конфронсҳо ҷор мезаданд, ки теъдоди аъзоёнашон аз 50 ҳазор гузаштааст. Аммо дурӯғ будани ин рақамро интихобот исбот намуд.  Он «имиҷсозиҳое», ки аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ атрофии ин ҳизб мекардаанд, ҳамаш дуррӯғи маҳз будааст. Зеро тавре дар оинномаи ҳар ҳизб омадааст, бояд ҳизбҳои сиёсӣ дорои ячейкаи худ, утоқ и кори худ ва барномаи кории худро дошта бошад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд ин ҳизби сиёсӣ ба ном дар қоғаз амал мекарду таи солиёни дароз аъзоро ба таври даҳонӣ қабул мекард.

Яке аз хиратарин ва доғдортарин воқеае ки аъзои ин ҳизб содир намуд, ин дар ҷомаи домуллогӣ даст ба кори пасту фаҳш задан аст. Зиёд мисолҳоро дар ин бобат метавон ном бурд, ки аъзо ба хотир нафсонияти дунявии худ каломи раббониро ба забон оварда, дидаю дониста ба амалҳои нангин даст мезанад. Дар куҷои китоби «Қуръони азимуш-шанъ» навишта шудааст, ки қасд ба номуси духтархонди худ занӣ? Зеро духтархонд низ дар оятҳои каломи Раббонӣ ба ҳукми фарзанд аст.

Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИТ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Медонанд, ки саркардагони нобасомониҳое ки дар Ироқ , Сурия, Афғонистон доир шуда истодааст, маҳз намояндагони «қувваҳои исломӣ» ҳастанд. Ин гуна шахсон аз номи Ислом бар зидди Ислом кор бурда истодаанд. Мусулмони ҳақиқӣ ҷамъи мусулмононро ваҳшиёна ба қатл расонда дар як ҷо гӯр намекунанд. Инсони комил, оне, ки ҳатто як сураи оятҳои каломи раббониро аз худ намудааст ва ҳикмати дини мубини исломро, ки покиву адолатпарастриро талқ ин мекунад, ҳаргиз ба ин кор даст намезанад.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

СОБИРИ НЕКРӮЗ, устоди ДПДТТ