Ҳамватанон, «Муҳтарам» Муҳиддин Кабирӣ!

Дар бобати давомдиҳандагони босмачиёни садаи гузашта буданатон маърўзаи бениҳоят «пурмўҳтаво» шояд, ки моҳҳо омода намудед, то дар минбари конфронси САҲА овоз баланд намоед. Вале тавре, ки бузургони фарҳангсолори мо гуфтаанд : «Бори каҷ, ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад». Азбаски ин баромади роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ягон маънои хосу аниқ надошт ва бо бетамизи дар минбар баромад намуд. Муҳассилини конфронс маҷбур гашт, ки барои идомаи баромадаш монеъ шавад ва ҳатто таъкид хам карданд, ки дигар бо чунин ҳадафҳои ғаразнок аз минбар баромад накунанд.

Маълум шуд, ки ин Кабирӣ ва шогирдони лагандбардораш боз фармонбардору мутаккои хоҷагонаш гардида ва ба гапи онҳо гўш карда, миёни омма хандахариши мардум гашт ва натиҷаи баромадаш бо шармандагӣ ҳусни анҷом пазируфт.

  Дар асл ман ба суханрониву мўҳтавои ин баромади роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ коре надорам. Аммо ин суханҳо бениҳоят пур аз эҳсоси хиёнат, ғаразнок ва нотавонбинона эҷод гаштааст. Кабирӣ ба илҳоми сухангўии Шумо «қоил» гардидам, зеро илҳоми Шумо вақте омадааст, ки чашму гӯшу ҳиссу бӯиши лаззатфаҳмии шуморо нест карда, фақат ба роҳи кину ғараз шуморо ҳидоят намудааст. Ҳамон «Илҳом»-и бо зӯри пайдогаштаи Шумо шуморо нобинову кар, бе ҳиссу карахт намудааст. Агар чунин намебуд пешравиҳои давлати Тоҷикистонро бо ҳисиётҳои Худодода эҳсос мекардед.

   Магар ҳамин «Илҳом»-ҳои зӯраки набуд, ки мардуми Тоҷикистонро ба вартаи бало гирифтор намуд ,ки то ба имрӯз мо паи ишфои ангебатҳои он боло саъй дорем.

 Муҳиддин Кабирӣ ва чанде аз шогирдони «сухандон»-у кабириҳо! Агар ин Ватану ин мардумро эҳтиром кунед. Андешед, ки давлати кунунӣ давлати фаношудаистодаро бе хазина қабул карда буду мардуми бесарусомон нобовару гуреза гашта, аз дунё умед канда буданд. Онҳоро уммеду зиндагии дубора бахшид. Ин ҳама талошу заҳматҳои фарзанди фарзони миллат, Пешвои муаззами тоҷикон, ки барои мо истиқлолияти воқеиро тақдим сохт ба даст омад.

    Барои ба сомон баровардани ин давлат ғайрати волову қаҳрамоние содир кардан лозим буд, то Тоҷикистон пойдору роҳрав гардад. Магар ин ҷасорату корнамоиҳо аз тарафи садрнишинони давлати кунунӣ содир нагашт?! Содир гашт , ки Тоҷикистон чун узви мустақили СММ дар харитаи ҷаҳон ҷой дораду то рафт обуруву эҳтироми он дар арсаи байналхалқӣ мефизояд. Ин заҳмати ҳамон хирадмандонаи «ҳукуматдорони имрўзае» гуфтед, ҳасту халос . Чаро Шумо чун узви «дилсӯз» -и ин Ватан ин бузургкории давлати кунуниро надида меангоред?!

Ҳамватан, Тоҷикистон Ватани мову Шумост. Биёед , на ғаразгӯӣ, балки маслиҳатҳои ватандӯстона диҳед, то Тоҷикистон гул-гул шукуфад.

   

Фарҳод Бобокалонов, номзади илмҳои кишоварзӣ, мудири шуъбаи таълими ДПДТТ