Муҳтарам устодон ва шогирдон!

Аз номи ҳамаи бонувони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаро расидани 25 - солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро ба Шумо муборакбод мегӯям.

Ҳар гоҳ ки сухан дар бораи ҳифзи марзи Ватан ва амнияти шаҳрвандон равад, беихтиёр симои сарбозони шуҷоъ, сипари боэътимоди кишвар, яъне аскарону афсарон пеши назар меояд. Зеро маҳз хизмати софдилона, вале душвори онҳо яке аз сабабҳои асосии пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, баланд шудани сатҳи зисту зиндагӣ, таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне ташкил гардид, ки ба давлати нав ба мустақилиятрасида хатари парешонию парокандашавӣ таҳдид мекард, дар минтақаи ҷануби кишвар ва пойтахт вазъият ноором буд.       Дар ҳамон лаҳзаҳои тақдирсоз агар аз як тараф дониши баланд ва истеъдодии нотакрори Сарфармондеҳи Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси наҷоти халқу кишвар шуда бошад, аз ҷониби дигар қаҳрамонию далерии аскарону афсарони шуҷоъ Қувваҳои мусаллаҳро ба сипари воқеан ҳам боэътимоди давлат табдил дод.

Тӯли зиёда аз 27 соли соҳибистиқлолии кишвар сарбозони Ватан борҳо аз санҷишу имтиҳонҳо бо сари баланд гузаштанд, бо далерию шуҷоат садоқати бепоёнро ба халқу Ватан нишон доданд. 

Мо ҳар рӯз тариқи расонаҳои хабарӣ ошно мешавем, ки чи тавр аскарону афсарон сарҳади моро бо масъулияти баланд шабонарӯз ҳифзу нигаҳбонӣ мекунанд. Маҳз иродаи қавӣ, далерию родмардии онҳо аст, ки имрӯз ба кишвари мо амалҳои номатлуби терроризму экстремизм таҳдид намекунад. 

Саҳми донишкадаи мо низ дар мусоидат ба нерӯманду тавоно шудани Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон хеле калон аст. Зеро аксари устодон аз ин мактаби бузурги далериву шуҷоатмандӣ гузаштаанд.

Як самти фаъолияти мо тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон буда, имрӯз миёни донишҷуён кам нестанд нафароне, ки бо ихтиёри худ ба хизмати Модар- Ватан рафта, шарафи донишкадаамонро боло мебардоранд.

Ҳамчунин устодон ва донишҷӯён дар маъракаҳои даъвату гусели ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ фаъолнокӣ зоҳир намуда, дар арафаи иду айём бо сарбозони Ватан сӯҳбату мулоқотҳо меороянд, бо беҳтар шудани шароити хизмат ва зиндагию истироҳати онҳо мусоидат мекунанд.Дар охир аз фурсат истифода карда, бори дигар фарорасии ин ҷашни муҳимро ба кулли мардони соҳибиродаи донишкада сидқан муборакбод гуфта, бароятон тандурустӣ, умри дароз, сарбаландию сарсабзӣ таманно мекунам.

         25- солагии таъсисёбии Артиши миллӣ муборак!