Донишҷӯ имрӯз ҳамчун яке аз қишрҳои ҳассоси ҷомеа дар ҳам муҳити таълимгоҳ ва ҳам муҳити оила нақши муассир дорад. Онҳо ояндаи рушди зеҳнию заминаи пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва фарҳангу сиёсат, касбу ҳунар дар кишвар мебошанд. Вазифаи донишҷӯ дар муҳити муассисаи таълимӣ  дар заминаи омӯзиши донишҳои заминавии касбӣ тақвият бахшидани малакаю маҳорат, донишу қобилият маҳсуб меёбад.  

Махсусан дар замоне, ки илм пеш меравад ва ҳар лаҳзаву соати уфуқҳои нав ба рӯи насли ҷавон кушода мешавад, насли ояндасозро мебояд ҳамқадами замон бошад.

Тақозои шароити ҷаҳони имрӯза водор месозад, ки донишҷӯён дар раванди таҳсил ҳам аз лиҳози ташаккули касбият ҳам мусаллаҳ будан бо маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун узви ҷомеа ва билохира ҳам ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ ва дорои ахлоқи ҳамида бошанд. Ғайр аз ин донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботи бозори меҳнат дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ гардидааст. Ин нуқта борҳо дар мулоқоти Сарвари Давлат, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хитоб карда мешавад.

Донишҷӯ бидуни омӯхтани таҷрибаи амалӣ дар заминаи донишҳои азхуднамудани назариявӣ мутахассиси комил буда наметавонад. Махсусан истифодаи самараноки технологияҳои муосири рақамӣ дар истеҳсолот ба ҳам суръат ва ҳам сифати фаъолияти касбии мутахассиси оянда бевосита ёрӣ мерасонад.

Раванди касбинтихобкунии донишҷӯи оянда бояд пеш аз ҳама аз майлу рағбати худи у ба ин ё он соҳа ва тавсияҳои волидон вобаста ба тақозои имрӯзаи бозори меҳнат бошад. Махсусан ихтисоси меъморӣ, ки пешаи созандагию эҷодкорист аксаран тавассуси интиқоли гении волидон ба фарзандон ин пешаро интихоб менамоянд. Ҳамасола раванди интиқоли довталабон ба ин пеша меафзояд, ки аз талаботи ҷомеа, сулҳу субот ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ бармеояд. Ҳанӯз тақозои ин пешаро Мақомоти иҷроияи вилоят соли 2005 эҳсос намуда дар донишкада ихтисоси меъмориро таъсис доданд. Тибқи омори хатмкунандагон то имрӯз қариб 500 нафар хатмкардагони ихтисоси меъморӣ натанҳо дар гӯшаю канори вилоят ва ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар низ рисолати созандагию эҷодкории хешро иҷро намуда истодаанд.  Қурбонов Далер ва Каримов Бахтиёр хатмкардагони соли 2015 дар ширкати лоиҳакашии «Tarhmubodala»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, Солиев Диловар (соли 2018) дар гурӯҳи «GAMMAprojekt»-и кишвари Англия, Холиқов Акмал ( соли хатм 2017) дар  гурӯҳи лоиҳавии «Медиасити»-и шаҳри Екатеринбург ва амсоли онҳо натиҷаи заҳматҳои устодони кафедраи меъморист, ки бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд ва ифтихори натанҳо устодону донишкада, балки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз 16 шаҳру ноҳия сармеъморону роҳбарони муассисаҳои лоиҳакашӣ маҳз дастпарварони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Дар ниҳоят қайд намуданием, ки таълиму тарбияи ҷавонон яке аз самтҳои омодасозии қишри созандаи ба хотири ояндаи меҳан буда, он аҳамияти калони иҷтимоӣ дошта, бо донишҳои касбӣ ва ахлоқи баланд мусаллаҳ дар эъмори   Тоҷикистони тозаистиқлол метавонад мусоидат намояд.

Раҳимҷон Зокиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд