Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд” иборат аз 6 боб ва 17 модда қабул гардид. Ҳадаф аз таҳия ва қабули қонуни миллӣ пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудан эълон шуда буд ва табиист, ки аҳли ҷомеа ба ин масъалаи муҳим бетараф буда наметавонист.

Қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид дар таҳрири нав қабул гардид.

Тағйирот, пеш аз ҳама, ба номи қонун ворид карда шуд. Қаблан қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” номида мешуд, акнун он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ном дорад. Табдил намудани мафҳуми “фарзанд” ба “кӯдак” бо ин сабаб мебошад, ки фарзанд ҳадди синнусолӣ надорад (барои падару модар шахси баркамоли  60-сола низ фарзанд аст).  Зимни татбиқи қонуни қаблӣ масъулияти падару модар танҳо нисбат ба фарзандони то 18-сола пешбинӣ шуда буд. Аз қонун берун кардани мафҳуми масъулияти падару модар дар таҳрири нави қонун бамаврид буда, тарбияи кӯдак масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ надорад. Акнун дар таълиму тарбияи кӯдак дар баробари падару модар мактаб низ масъулият дорад.

Мувофиқи моддаи 8-уми қонуни нав ба салоҳияти Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму табияи кӯдак муайян намудани таълиму тарбияи кӯдак муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар моддаи 9 дар воколатҳои мақоми ваколатдорӣ давлатӣ амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак муқаррар шудаанд.

Падару модарон қаблан фарзанди худро бе ягон расмият ба хешу таборон супорида ба давлатҳои дигар мерафтанд. Масъулиятро нисбат ба кӯдак хешу ақрабо ба уҳда нагирифта, нисбат ба онҳо барои иҷро накардани уҳдадориашон тадбирҳои дахлдор андешида намешуд. Дар натиҷа  кӯдакон ба оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада  аз таълиму тарбия дур мемонданд.  Дар сархати 7 моддаи 1 қонуни нав дар баробари падару модар инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор доранд, масъул гардидаанд.

Муҳимияти  қонуни нав ин аст, ки дар 14 моддаи  он муносибатҳо оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар ва шахсони  онҳоро ивазкунанда, омӯзгор, муассисаи таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуни шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдор ва дигар вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа дар моддаҳои алоҳида оварда шудаанд.

Мақсади асосии дар таҳрири нав қабул кардани қонуни миллӣ пурзӯр намудани муносибатҳо оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихор ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мебошад. Ҳамзамон таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд