(дар ҳошияи мақолаи «Босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо аврупоӣ намешавад»)

Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Варшаваи мамлакати Лаҳистон нишасти солонаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо доир шуда истодааст. Мусаллам аст, ки ин рӯзҳои «саодатофар»-ро душманони миллати мо интизор буданд. Зеро САҲА бо вуҷуди он, ки ҲНИ дар беш аз 16 кишвари олам ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ шинохта шудаасту ҳудуди 5 миллард сокинони сайёра ин қарордоди роҳбарони кишварҳояшонро дуруст мешуморанд, ба  ин нишасти «ҳангомаангез»-и худ  даъват намуда, барои онҳо минбаре омода кардаанд, ки «дарди дилашон»-ро гӯянд. Мо медонем, ки наҳзатиён ва дигар думравони ҲНИ ин минбарро чӣ гуна истифод мебаранд ва ҷониби Тоҷикистон медонистанд, ки онҳо ба  ин нишасти САҲА бо чӣ гуна «тайёрӣ» омадаанд. Аввалин интиригае ва ё мазҳакае, ки онҳо сохтанд ин «дастҷамъона» ташкили эътилофи «Паймони миллӣ» буд. Ин хоинони Ватан ба қавли худ хеле «устокорона» тавонистнд ҳукумти кунуниро ба «тарс» оваранд. Ҳол он ки ин анҷуманбозиҳои воҳиманоки онҳо ба ҳеҷ кас даркор нест. Сониян ин худмансабдиҳии онҳо мавриди мазоқу масхараи ахли олам гардид. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он дар ханда шуданд, ки чи тавр як тӯда масхарабозон метавонанд, алайҳи як давлати қавӣ, воҳид ва мрдумонаш содиқ ба Пешвои миллат истодагарӣ карда метавонанд. Ин ҳама аз рӯи сенарияи Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ рӯи кор омада, ӯ соҳиби чӯбдаста ва думравонаш Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов худи чӯбдаста мебошанд.       

Имрӯз коршиносони олам решаи бунёдии ҳизби наҳзати исломиро медонанд. Он як нав филлилали ҳизби ифротию иғвоангези «Ҳизубуллоҳ»-и давлати исломии Эрон аст. Имрӯз пардаи асрори фаъолияти муғризонаи ҲНИ бардошта шуд. Зеро шоҳидони ҳол худ аз роҳи интихобкардаашон шармандавор баромаданд. Бо гузашти ду даҳсола аз хатми ҷанги шаҳрванди воқеияти он рузҳо аз забони шоҳидони зинда фош шуда истодаанд. Масалан, эътирофе, ки Айёмиддин Сатторов дар филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» кард, ҳеҷ далеле барои рад кардан надорад, зеро у аз ҷумлаи бунёдгузорони асосии ТЭТ ҲНИ-и мамнуъшуда аст ва аз тамоми гардишҳои фаъолияти он огаҳи дорад. Қабл аз ин Қиёмиддини Ғозӣ низ ҳамингуна фошгуиҳоро тариқи филми «Решаҳои ноайён» карда буд. Ин фошгуиҳои аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҳизби ба ном исломи ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию рушди Ватани азизамон набуд ва дар зери ниқоби ислом ба корҳои экстримистию терористӣ даст дошт ва то ҳанӯз дорад.

Аъзоёни ин ҳизбӣ терористӣ ва гуруҳҳои ба онҳо наздик, яке аз чунин роҳҳои аз байн бурдани давлатдории тоҷиконро бо фирефта намудани мардум дар зери ниқоби дини мубини Ислом медиданд ва ҳамвора аз оятҳои Каломи раббонӣ мисол оварда, онро бар нафъи худ тафсир менамуданд. Ба андешаи ин «фидоиёни роҳи ислом» касе, ки ба аъзогии ҲНИ дохил мешуд, инсони асили исломпараст буду боқимондагон кофар.  Ҳамин тариқ, гуруҳҳои дар боло зикргардида бо супориши хоҷагони хориҷиашон ақидаҳои бегонаи дини-мазҳабиро бо арзишҳои милли махлут намуда, мехостанд, ки ҳадафҳои пушти пардаи дини ислом пинҳонкардаашонро ҳамчун ҳуввияти миллӣ муаррифи карда, Тоҷикистонро ба ҷониби торикию ҷаҳолат раҳсипор созанд. Шиамазҳабиро дар кишвар ҷорӣ созанд ва кишварамонро ба давлати фундаменталӣ табдил созанд.  Аксарияти уламои огоҳ бар онанд, ки дар ислом ҳизб нест, балки ҳар касе эътиқод ба ягонагии Худованд ва рисолати Паёмбар дошта бошад, у худ узви ҳизби Худо аст.

     Аслан ин фошгуиҳо чизи нав нестанд, зеро барои мардуми шарифи кишвар ҳамааш ошкор аст, ки ҲНИ-и мамнуъшуда чаро ташкил карда шуд, ҷангро чаро роҳандози карданд, ҳадафи наҳзатиёну сарпарастонашон чист?

 

Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дируз як ҷо зери парчами ҲНИ фаъолият доштанд, аз ҳам ҷудо шуда,  боз ба ҳам омада, бе шармона аз номи ин миллат суханпардози намуда бо ном «Паймони миллӣ» ташкил менамоянд.

 

Мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии Шумо «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромуш нахоҳад кард.? Ман ҳамчун як устод ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин дасисаҳо нахоҳанд шуд. Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои  террористию ифротгароӣ, дар кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чи гуна бо майдонсозиву аз номи ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дасиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад.

Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз бо дасти хоҷагони зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд аз ҷумла, ҳодисаи иғвоангезе, ки  дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон аз тарафи як гуруҳ ҷавонони гумроҳ  бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ намудаанд, исботи бозичаи дасти хоҷагони хориҷи буданашонро  нишон додаанд.

Ҳарчанд созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистие, ки ҳадафҳою ғаразҳои палидашонро зери ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд, то андозае фаъолияти хешро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монданӣ шуда бошанд ҳам, хушбахтона, талошу заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар буд, ки созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шуданд.

Акбаров Акбар,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд