Бо иштироки беш аз 250 нафар духтарони донишкада ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарони донишкада доир гардид.

Чорабиниро мудири шуъбаи тарбия Муҳаррама Темирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки дар рӯзномаи кори ҷаласа танҳо як масъала интихоби нави раиси шӯрои духтарони донишкада  мавриди баррасӣ қарор мегирад. Зикр шуд, ки Маърифат Мавлонова, раиси шӯрои духтарони донишкада дар давоми беш аз се соли фаъолияташ тавонист дар самти кор бо духтарон корҳои хуберо роҳандозӣ намояд. Азбаски номбурда хатмкунанда аст, зарурати интихоби нави раиси шӯрои духтарон ба миён омад.

Сипас аз чор факултети донишкада як нафари фаъолаҳо – Саидабону Ҳасанова, донишҷӯи курси 3, намояндаи факултети сохтмон ва нақлиёт, Фарангис Баротова, донишҷӯи курси 1 аз факултети информатика ва энергетика,  Султонова Парвина, донишҷӯи курси 3 аз факултети муҳандисӣ - технологӣ ва  Абдуманонова Адиба, донишҷӯи курси 2 аз факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ ҳамчун довталаб  ба номзадии раиси Шӯрои духтарони донишкада  барномаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Устодони донишкада Алия Раҳимова, Хайринисо Темирова ба номзадон доир ба фаъолияти минбаъдаи корӣ, нақшаҳои тарҳрезинамудаашон саволҳо доданд.

Бо назардошти дониши баланди сиёсӣ, маҳорати ташкилотчигӣ бо аксарияти овозҳо раиси шӯрои духтарони донишкада Султонова Парвина интихоб гардид.