Аз таърихи давлатдории ҷаҳонӣ маълум аст, ки дар ҳама давру замонҳо шахсият ва гурӯҳҳое буданд, ки аз сохт ва умури давлатдорӣ норизоанд. Аммо онҳо бо кору амали худ камбудиҳоро ошкор намуда, роҳи ҳалли онро меҷустанд. Муҳимаш ба саодату эътимоди халқ ноил мегардиданд. Яъне, рақобати солимро ба  миён меоварданд. Дар кишвари мо низ то соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсии баробарамалкунанда фаъолият дошт. Аммо ин ташкилотҳо бо усули корбарии худ яке аз дигаре фарқ дошт. Мусаллам аст, ки он ҳизбе маҳбубияти халқро бештар ба даст меовард, ки содиқона ба ҳалқ хизмат кунад. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳарчанд ба гуфти худашон «куҳансолтарин» ҳизб баъди ҳизби коммунисти Тоҷикистон маҳсуб мешуд, давоми беш аз 23 соли фаълияти худ натавонистанд, боварию эътимоди мардумро ба даст орад. Аъзоёни соддалавҳи ин ҳизб ахиран дарк накарданд, ки мавҷудияти ин ҳизб барои соҳиб шудани курсии парлумонии Муҳиддин Кабирӣ ва нафари дигари калидии ин ташкилот буд. Агар чунин не, пас чаро дар интихоботи ахиран, ки ҳизб ба мағлубият дучор шуду Кабирӣ натавонист ба парлумон роҳ ёбад, норозигӣ зиёд шуд. Магар дар интихоботҳои пешин низ ҲНИ ғалаба кард? На, ин нафарон аъзои худро ғуломи хеш карда буданду халос. Агар Кабирӣ муҳаббати воқеӣ ба Ватан медошту дилсӯзи халқу миллат мебуд, ғами сарҷамъии миллат, ваҳдату суботро мехӯрд, на ин ки бар сари миллат бармехост. Ӯ ва Шӯрои олии ҳизб аз интихобот хулосаи даркорӣ мебаровард. Дар кучо камбудиҳо бошад, ислоҳ мекард. Воқеан  ҳизбе, ки Кабирӣ онро сарварӣ дошту онро чанд «фанат»- ҳо ҳимоят мекардд, то имрӯз чӣ коре ба нафъи ин миллат анҷом дод? Кадом аъзои ҳизби босаводи худро пуштибонӣ дошту кӯшиши дар парлумон мавқеъ ёфтанашро меварзид, ки мо ӯро бо боварии том ҷонибдор бошем? Нафареро метавонед чун аъзои ҲНИ ном баред, ки халқ ба фарҳангу илми ӯ қоил бошаду ояндаи ватанро ба ӯ бовар намояд? 

Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом дар мусоҳибаи худ дар сомонаи «Паём.нет» роҳбари ҳизб ва худи ҳизбро  ба таъбири халқи “Мусичаи уволак”  пиндошта, гӯиё ҳар он амале, ки ҲНИ анҷом додааст, бар нафъи халқ анҷом додааст. Агар ин тавр мебуд, чаро нафаре аз накӯиву хайр ва эҳсонкории аъзоёни ҲНИ ҳарфе бар лаб намезанад. Агар ҲНИ воқеан ҳам дархӯри розу ниёзи мардум мебуд, пас чаро бо роҳандозии барномаи худ лоақл ба дарди дарманде дармон ва ҳоҷати нафари ниёзмандро мебаровард. Не, онҳо баръакс аз бар захми ҷароҳатҳо намак мепошиданд. Танҳо иғвову дасиса ва тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи давлат ҷоиз медонистанд. Онҳо тавассути нашрияи “Наҷот” миллатро наҷот намедоданд, балки худро аз халқ дур мекарданд. Бастаҳои нашрияро ройгон ба халқ тақсим мекарданду тухми нифоқро мекоштанд. Орзуи “рӯзи саодат”-ро мекарданд. 

Маҳмудҷон Файзраҳмон иддао дорад, ки аъзои ҳизб пайрави дигар равия нест. Хеле соддалавҳона гуфтааст. Агар наҳзатиён шиамазҳаб набошанд, ин ҳама маблағҳои ҳангуфт, ки дирӯзу имрӯзу шуморо таъмин мекунад аз куҷо? Аз куҷо Кабирӣ дар Олмон карру фар карда мегардад? Аз куҷо Алим Шерзамонову Темур Варқӣ маблағ ёфта зиндагӣ мекарданд. Ин нафарон аввал имон, баъд миллаташонро бар ивази дастмузд фурӯхтаанд.

Дар мавриди ҳизби экстремистиву террористи эътироф шудани ҲНИ-ро ҳамон тавре, Маҳмуди Файзраҳмон мегӯяд, ягон давлат эътироф накардааст, хатои маҳз аст. Зеро 3,3 миллиард  аҳолии замин, ки ба Созмони ҳамкории Шанхай шомиланд ҳанӯз санаи 29 январи соли 2016 ҳизби наҳзатро чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф намуданд.

Пас, моро мебояд, ки ба халқ чеҳраи аслии ҳизб ва роҳбараш  Кабириро нишон диҳем. Барои сарҷамъии миллаи саъй варзем.  Яъне, чуноне ки мегӯянд аз сухан ба амал гузарем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд