Ҳифзи  марзу бум дар ҳама давру замон аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан маҳсуб меёбад.  Чун имрӯзҳо маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, гурӯҳҳои ифротгаро, ки таҳкими оромии кишвари моро намехоҳанд, бо ҳар роҳу васила ба эҷоди фитна даст мезананд. Мақсади асосии онҳо халалдор намудани раванди таъмини даъват ба Артиши Миллӣ мебошад.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо паҳн намудани навари баҳсбарангези душманони давлату миллат оид ба паҳн намудани латукуби сарбозон дар яке аз кисмҳои ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Саҳнаи мазкур сохтаю ғаразнок буда, 5 моҳ кабл дар яке аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди Исфара аз ҷониби шахсони хилофи сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, маҳз дар шабу рӯзе, ки он метавонад дар ҳалли қазия "таъсиргузор" бошад, расонаӣ карда шуд.

Ҳолати воқеии рафтору интизом дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар тавре нест, ки дар навор «сохта» шудааст. Раванди ташаккули сохтори мудофиавии кишварамон рӯз аз рӯз ҳам аз лиҳози тарбияи ахлоқӣ ва ҳам аз лиҳози муҷаҳҳаз гардонидани таъминготи моддию техникӣ вусъат ёфта истодааст.

Мафҳуми «зиракии сиёсӣ», ки мо борҳо нисбати он ҳарф мезанем маҳз дар дарки ҳақиқат ва ботил, ҷудо намудани сиёҳ аз сафед зоҳир меёбад. Яъне имрӯз ин фитнабозию дасисакориҳо наметавонад рӯҳияи шикастанопазири ҷавонони моро дар раванди сафарбар гардидани онҳо ба сафи Артиши Миллӣ монеасоз бошад.

Чунин саҳнасозиҳоро мо бори аввал мушоҳида накардаем. Мунтазам дар шабу рӯзҳои «доғ» намоиши саҳнае, ки шояд баъзе аз зудбоваронро ҷиҳати ҳолати интизоми сарбозон ба шубҳа оварад, наметавонад, мардуми аз гирдоби ин фитнаҳо борҳо раҳо ёфтаро ба вартаи ноумедӣ кашад.

Бешубҳа, ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибатҳои хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар ҷомеа пайдо намоянд ва ҳомии марзу буми аҷдодӣ бошанд.

Ҷалби неруи зеҳнию ҷисмонии ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи музаффариятҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи неруманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Хушбахтона ин рисолати таърихии онҳо имрӯзҳо бо сарбаландӣ амалӣ гардида истодааст.

Мо устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд рафтори ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои ғаразнокро, ки ҷиҳати доғдор намудани сиёсати амниятии кишвари азизамон-Тоҷикистон таҳрибкорӣ менамоянд, сахт маҳкум менамоем. Дар барораби таълиму тарбияи созандагони ояндаи Ватан донишҷӯёнро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ омода менамоем. Ин аст, ки бо амри дилу виҷдон мунтазам хатмкунандагони мо барои пеш аз муҳлат ҳимоя намудан ва сари вақт адо намудани хизмати Ватан-Модар ҷаҳду талош менамоянд.

Юсуфов Фирӯз, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд