Матни баромади онлайнии Шавкати Муҳаммад дар гурӯҳи фейсбукии «Паёми мардум»-ро мутоила намуда, ба хулосае омадам, ки душманони заифи миллат ба ҳар амалкардҳои давлат ва Ҳукумат, шахсан ба хизматҳои содиқонаи Сарвари давлат бо чашми бадбинӣ ва бухлу кина нигоҳ мекунанд. Агар на Шавкати Муҳаммад ва ӯ баринҳо ин қадар матолиби пурғаразро иншо намекарданд. Муаллиф андешаҳои дар оғоз гуфтаашро дар фарҷом инкор кардааст. Яъне, ҷое Донишгоҳи исломӣ сохтанро интиқод намуда, ҳамзамон «масҷидбанди»-ро низ аз амалҳои «зиддиисломи»-и Ҳукумат унвон мекунад.

Агар воқеан ҳам давлат ва Ҳукумат ба дини мубини ислом ва дар маҷмӯъ ба мусулмонон ҳиси бадбинӣ медошт, магар ба сохтмони Донишгоҳи исломӣ, ки харҷаш ба қавли худи Шавқати Муҳаммад 136 миллион сомониро ташкил медиҳад, иқдом меварзид? Агар Пешвои миллат дини мубини Исломро қадр намекарданд, барои чопи крилли «Қуръон»-и азимушшанъ иҷозат медоданд? Ва ниҳоятан дар сатҳи баланд бо ширкати беш аз 500 олимони номвари олам баргузор шудани симпозиуми байналмилалии таҷлили зодрузи  олими исломшинос, фақеҳ ва муҳаддис, муассис ва эпоними яке аз чор мактабҳои исломӣ-ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баёнгари он аст, ки давлат ва Ҳукумат барои диндорон, хосса мусулмонон шароиту имкниятҳои фарохро муҳайё кардааст, баёнгари хайрхоҳии Сарвари давлат аст, на динситезие, ки «рақибон» дар мақолаҳояшон меоранд.  

Агар мақсад аз бунёди Донишгоҳи исломӣ пулшӯйи давлат ва Ҳукумат мебуд, онҳо метавонистанд дигар муассисаҳои таҳсилоти касбиро бунёд мекарданд, ҳол он ки кишвар ба кадрҳои техникиву технологӣ ниёзи бештар дорад. Аммо маҳз дурандешӣ, хиради бузург ва мардумсолории Раиси ҷумҳур аст, ки барои сохтмони чунин як муассисаи таълимии динӣ, ки назираш дар Осиёи Миёна нест, иқдом шуруъ шуд. «Ҳазрат»-и Шавкати Муҳаммад, Шумо, ки дили сиёҳ ва мафкураи зиддидавлатӣ доред, ҳар амали роҳбари давлатро аз мизони андешаву тафаккури худ баҳо медиҳед. Ҳарчанд ҳуқуқи озодии баёнро конвенсияи ҳуқуқи башар кафолат додааст, ин маънои онро надорад, ки ҳар он чи ки ба зеҳну тафаккур меояд, ошкорро гуфт. Ҳадафи воқеии аз бунёди ин донишгоҳ он аст, ки Шумо барин гумроҳон, ки шояд аз кӯчаи илми исломшиносӣ нагузаштаеду побанди хоҷагони бегонаи худ ҳастед, дар шароити хуби таҳсилу зист аз ҷониби олимони варзидаи соҳа таълимоти исломии ҳақиқиро омӯзед, то дар зиндагӣ дар намонед. Хуб бубинед, имрӯз ҷавонони зиёде бо ду ё се «дарси адаб»-и «мубаллиғони роҳи ислом» ба Ироқу Шом барои ҷанг бо «куффорон» мераванд ва бо ин амали «ҷиҳоди»-и худ гӯиё ба баҳишт мераванд. Аммо мусулмонкушӣ, бангкашӣ, зинои саркардаҳои роҳбарони давлатии исломӣ магар аз фармудаҳои Худованд аст, магар ин аст мусулмонӣ ҳақиқӣ.

Омили дигаре, ки зарурат ба таъсиси Донишгоҳи исломӣ гардидааст, ин гароиши ҷавонон ба дигар мазҳабҳо аст, ки мутаассифона, ба тафриқандозии мусулмонон сабаб мешавад. Олими варзидаи соҳа Иброҳим Калонзода дар яке аз мусоҳибаҳои худ меоранд, ки «Дар муҳоҷират мо намедонем, ки ҷавонони мо ҳамроҳи киҳо ҳастанд ва бисёр ҷавононе, ки аз муҳоҷират меоянд, тарзи намозхонии мазҳаби Шофеъӣ доранд. Яъне, мазҳаби Шофеъӣ ин дар Маскав ҳам ҳаст, ки доғистониву чеченҳо ба он пайравӣ мекунанд. Вақте аз онҳо мепурсем, ки чаро ин тавр намоз мегузоред, онҳо мегӯянд, ки «мо дар Маскав намозро аз ҳамкорони доғистоние, ки дар сохтмон кор мекарданд, омӯхтем».

Агар дар ин ҷо, падару модар ё очаю бобоҳо таълим надода бошанд ва ё надида бошанд, фикр карданд, ки тарзи намозхонӣ ҳамин хел аст. Онҳо фарқи байни мазҳаби Ҳанафию Шофеъиро намедонанд ва вақте ки ба онҳо огаҳ мекунем, ки ин тарзи хондани намози шумо ба мазҳаби Шофеъӣ тааллуқ дорад, ин мазҳаб асли суннат-вал-ҷамоат аст, хилофи мазҳаби мо нест, лекин мо мазҳаби худро дорем ва бояд мо пайрави мазҳаби худ бошем, онҳо ислоҳ мешаванд. Аммо онҳое, ки ба ҷараёни «салафӣ» ё ба ҷараёни «ваҳҳобӣ» дохил мешаванду адабиёти онҳоро мехонанд, онҳо ақидаи «салафӣ» пайдо мекунанд. Онҳо тарзи намозхонии хешро аллакай тағйир намедиҳанд. Онҳо фикр мекунанд, ки суханашон ҳақ аст ва барои онҳо омили навбатие, ки ба ғайр аз муҳоҷират дар он ҷо ба ин ҷараёнҳо шомил мешаванд, на ба мазҳаби Шофеъӣ, балки ба ҷараёни «Салафия» ё «Ваҳҳобия», онҳо на танҳо тарзи намозхонӣ, инчунин ақидаи ин ҷавононро низ вайрон мекунанд. Онҳо аллакай аз нуқтаи назари тафсири Қуръон, нисбати маъноҳои муъмину мусалмон кист, мазмуни кофир будану шуданро мегӯянд. Яъне, зина ба зина онҳоро боз ба доми худ дурустар мекашанд ва ин омил имрӯз алайҳи бисёр ҷавонон хатар дорад. Дар ин масъала, бояд падарону модарон ҳушёр бошанд».

Дигар аз «эродҳо»-и  Шавкати Муҳаммад ин «масҷидбанди»-и давлат аст, ки дар ин навиштаи худ низ хато кардааст. Замоне буд, ки дар қади ҳар кӯча, гузар ва маҳалла яктогӣ масҷиди панҷвақта амал мекарданд, аммо ҳафтаҳо касе дар  масҷидро боз намекард. Иддае аз «имом»- ҳо онҷоро на ҷои тоату ибодат, балки макони ошхӯриву зиёфатороӣ табдил доданд. Чанд нафари онҳо, ки вазифаи имоматиро иҷрои мекарданд, аз ҷониби хоҷагони худ маблағҳои ҳангуфт гирифта, зимни адои намоз дар мавизаҳои худ фарҳанг ва мазҳаби бегонаро талқин мекарданд. Дар вилояти Суғд боздошти беш аз 10 сархатибҳои масҷидҳо бозгӯи гуфтаҳои болоист. Ана ба хотири самаранок истифода бурдани масҷидҳо, ки бо қувваи давлат ва халқ бунёд шудааст, ба марказҳои  ҳунариву кӯдакистонҳо табдил дода шуданд, то занону бонувони мо ҳунар омӯзанду кӯдаконамон дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори баланди миллӣ тарбия ёбанд. Дар мавриди он, ки имрӯз мактабиёни кишвар дар оғолхонаҳо таълим мегиранд,  Шавкати Муҳаммад воҳима кардааст. Аз рӯи адолат намебуд, агар таваҷҷуҳи давлатро нисбати мактабу маориф ёдовар нашавем. Зеро ҳиссаи бузурги буҷети давлат ба рушди соҳаи маориф равона карда шудааст. Мамлакат  кайҳо мушкилии аз вагонхонаву хонаҳои шахсӣ берун кардани мактабҳоро ҳал кардааст. Дар вилояти Суғд ягон мактаби ба қавле дар хонаҳои шахсӣ амалмекарда мавҷуд нестанд. Гузашта аз ин, роҳандозии якқатор Барномаҳои давлатӣ имкон фароҳам овардааст, ки сатҳи таълиму тарбия боло равад. Баргузории олимпиадаи байналмилалии «Арифметикаи зеҳнӣ», ки аз 20 давлатҳои ҷаҳон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид, далолат бар он медиҳад, ки сатҳи мактабу маориф дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дуруст аст, ки мактабҳои садамавӣ дар кишвар ҳастанд, аммо ислоҳи он вақтро талаб мекунад.

Муаллифро мебояд, ки ба пешравию дастовардҳо низ чашм андӯзад. Ба ҳар ҳаводиси кишвар, ки худ низ тоҷик аст, бо чашми некбин назар намояд. Он гоҳ ӯро миллат ва халқ дӯст медорад. Вагарна …

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди  ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд