Туфайли он нафароне, ки ба хотири имрӯзу фардои мо ҷоннисориҳо кардаанд, то имрӯз ҳамаи мо тоҷикони соҳибтамаддун дар замони орому осоишта зиндагӣ намуда истодаем. Аз ин лиҳоз мо бояд фарҳанги бойи миллатамонро пос дошта, якпорчагии ин марзу бумро ҳифзу ҳимоя намоем. Пас бояд ҷавонон дар вобастагӣ ба вазъияти имрӯзаи кишвар тамоми қувваи маънавии хешро сарф намуда, душманонро бо маърифати худ забонкӯтоҳ намоем.

Тавре аз вазъияти таи солҳои охир ба вуқӯъ омада, тимсоли ҳодисаи даҳшатовари соли 2016, хиёнаткории чанде аз нафарони соҳиби мансабҳои давлатӣ ва аз ҳама муҳим куштори саёҳони хориҷӣ дар кишвар инчунин изҳороту паёмҳои намояндагони ТТЭ ҲНИ пайваста бармеояд, чанд нафар ба ном «сарсупурдагони миллат» чеҳраи воқеии худро нишон доданд, оромии кишварро халалдор намуданд, лекин ҳадафи нопоки худро амалӣ гардонида натавонистанд. Аммо моро ин ҳодисаҳо хеле ба таҳлука овард ва метавонем имрӯз муроҷиат намоем, то  он нафаронеро ки то имрӯз мехоҳанд сохти давлатдориву конститутсионии мо аз байн равад, маҳкум менамоем, эшон ва мафкураи пасти онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирем, аслан тамоми мардум катъиян бар зидди онанд, ки кадом як нафари бенишоне аз дигар мамлакат миллати моро назорат намояд. Дар хақиқат чӣ тавр фаъолият намудани аъзоёни собиқ ТТЭ ҲНИ баръало эхсос шуд ва имрӯз онҳо аз он ки дигар имкони фаъолият надоранд, ба ғазаб омада, бо ҳар гуна роҳ ва бо василаи ҳар касе ки дар ин ватан зисту зиндагонӣ мекунанд ва аз додани ахборот ба тарафи мухолифин мебошад, ки хиёнати бузургеро муртакиб мегардад. Имрӯз акнун баромаданд ду-се нафар, ки аз намуди давлатдории мо розӣ нестанду сохтори моро дигаргун мекунанд. Онҳо минбаъд қарор доданд, ки дар якҷоягӣ нерӯи оппозитсионӣ ташкил намоянд. Ҳамин тавр Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ин гурӯҳ интихоб шуда, минбаъд Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов ҳар кадоме рохбарии ҷамъияти худро пеш мебаранд.

Ба ин «инқилобчиён» гуфтанием, Худоро шукр, ки мо соҳиби мустақилият ҳастем, Президенти кишвар, сарвари фархундасоз барои мо ҷавонон ғамхориҳои зиёд  менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ин ғамхории ворисони арзандаи олимону мутафаккирони аҷдодони хеш мегардем ва бо заковату матонати мардонагии хеш руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф хоҳем намуд, кӯшиш намуда тавре кор мекунем, ки барои анҷоми амалҳои мухолифӣ ягон асос намонад.

Аз ҷавонон даъват ба амал меовардам, ки эшон қаблан дарси хештаншиносиро биомӯзанд, то дар ниҳодашон худогоҳии миллӣ пайдо гардад.

Муътабар  Ғозиева, номзади илмҳои таърих, дотсент