Таассуб ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки мақсади ҳар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зӯриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури тассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар  ҷаҳолату авомфиребӣ,  баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии манфиатҷӯёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди дини дошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд, бештар ба назар расида истодааст. Мисоли равшани онро метавон дар ҳодисаҳои ҳузнангези Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва Покистон ба осонӣ мушоҳида намуд. 

Аммо, мутаассифона назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ то ҳанӯз будаанд он нафароне, ки дучори таассуботу нодонӣ гашта, ба файзу нусрати гулафшони Ватани маҳбубамон Тоҷикистон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ буда, боиси ташфиш ва таассуфи аҳли ҷомеа гардидааст.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсили илм доштанд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагиро фароҳам оварда шудаанд.  Аммо боз ҳамчунин ҳодисаҳои номатлуб миёни ҷавонон ба назар мерасад.

Онҳо нафаҳмида истодаанд, ки дар воқеъ илм аз махсусиятҳои муҳими ҳаёти башарӣ буда, омили рушду тараққиёт ва камолот ба ҳисоб меравад ва миёни олами дину адаби ҷаҳон мавриди таваҷҷӯҳ ва таблиғу руҷуи хос қарор гирифтааст. Бо ин дар назардошт, дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с)  омадааст, ки «талабу лил мифа ризатун – ъалокулли муслиминва-л муслиматин», -яъне талаби илм бар тамоми мусалмонон, аз ҷумла, ҳам барои мардон ва ҳам барои занон фарз мебошад.

Мавлоно Камолиддини Биноӣ пояи камолоту сиришти нек ва ҳилму меҳрубонии башариятро дар илму фарҳанг дониста фармудааст:

Камоли одамӣ дар илм бошад,

Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад.

Аз ин лиҳоз, аксари мардумон иштиёқу рағбати хешро ба маърифати илми диниву дунявӣ мухталиф баён дошта, ба гумони бархе аз афроди ҷомеаи кишварамон  бархурдорӣ аз илми исломӣ беҳтар аз илмҳои муосир, аммо хатои маҳз мекунанд.   Аз ҷумла, ба таълими хонагии муллоҳои маҳаллӣ ва бибиотунҳо фарогир намудани кудакону наврасон аз ҳамин дидгоҳ сарчашма гирифта, мутаассифона дар бештар ин мавридҳо боиси ба хурофоту тассуби динӣ гироиш ёфтани фарзандон анҷом меёбанд. Далели мӯътақидони ин равия чунин аст, ки ислом раҳнамун созандаи некиву покӣ ва ростиву ҳақиқат мебошад.

Иддае дигар бар сари онанд, ки фарзандон бояд аз муҳимоти илму техника ва тараққиёти ҷаҳони муосир бархурдору огоҳманд гардида, аз идеологияи динӣ барканор бошанд. Тавре воқеияти ҳаёти имрӯза собит менамояд, чунин ақидарониву тасаввуроти афроди ҷомеа яктарафа ва ихтилофомез ба ҳисоб меравад. Зеро, ин ҷудоинадозиҳои фикрӣ ба тафриқаи дину мазоҳиб, бегонапарастии наслҳо, ихтилофоти идеализму марксизим ва исломситезӣ оварда мерасонад.

Дар ин маврид гуфтаҳои барҷастаи адиб ва мутафаккири рус Л.Н.Толстой ифодагари воқеияту ҳақиқати раднопазири ҳаёт буда метавонад, ки дар он омадааст:

«Ҳар ки мехоҳад ба инсоният ва пешрафти он хизмат намояд, бояд он динеро, ки дар он тавлид ёфтааст, яклухт ин кор накарда, балки баръакс асосҳои ҳақиқати куллиро, ки дар исломаст, дарк намояд ва кӯшиш кунад, ки онро пӯшидадошта, покнамояд».

Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо ҷавонони ба дину мазохиби бегона гироишёфтае, ки  аз аслу насаби аҷдодиашон рӯгардонидаанд буда метавонад.

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд