Терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, фосиқу авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст.

Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Мутаассифона, солҳои охир ноҷавонмардонаю разилона ва ваҳшиёна куштани одамону ғорати арзишҳои илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву разилонаеро ба худ гирифта истодааст.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯӣ ва мансабталошии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд.

Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват, неъматҳои моддию роҳати лаҳзагӣ, кайфу сафои шахсию тамаъҷӯӣ аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад.

Барои ба даст овардани сарвату давлат, барои ба даст гирифтани зимоми мансаб террористон аз тамоми роҳҳои пасту қабеҳ ва разилонаю пурманфур истифода мебаранд. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, заминаи дигари сарзании ин зуҳуроти манфур нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки дар натиҷаи афсункории сангдилону бадхоҳон ба доми макру фиреби онҳо меафтанд.

Террористон махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Мутаассифона, ба доми макру фиреби ифротиён афтидани иддае аз ҷавонони тоҷик, ба амалҳои террористӣ ва ҷангҳои ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурияю Ироқ ҷалб гаштани онҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки қувваҳои сиёҳдил наврасону ҷавонони моро гумроҳ намудаву ба сафи террористон кашида метавонанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ диҳем, то сатҳу сифати дониши насли наврас ва ҷавононро баланд бардошта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Ҷавононро бештар ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, аз фикру ақидаи онҳо огоҳ бошем.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари сулҳофари кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа бояд тамоми мардуми кишвар ҳамҷоя гардида, дар атрофи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ гардем. Барои амнияти кишвар, осудагии мардум ва фазои озод кӯшиш намуда, баҳри ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд