Тайи солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динии мазҳабҳои гуногун, амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи онҳо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодаанд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад.

 Терроризм ва ифротгароӣ  дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа,  махсусан, миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои бузург буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки амалҳои мазкур ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин хотир, ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср оқибати фоҷиабор дошта, хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳақ бар ҷониби Сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини Ислом дар баробари дин ва эътиқоди дини дигар, дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст. Бесабаб нест, ки ин муаммои ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор, хулоса, миёни тамоми мардуми солимфикр қарор гирифтааст. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан, терроризм ва экстримизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангин эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегардад ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад. Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.

Онҳое, ки ҷавононро ба чунин дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд.

Пас, мо агар дар худ заррае ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошем, худ қазоват карда, байни ину он тафовут мегузорем.

Насим Тошхӯҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд