Сол аз сол обшавии пиряхҳо ба таври назаррас маъмул гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бидуни маълумоти соҳавӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ аз ин хатари ҷаҳонӣ маълумот доранд. Дар он мавзеъҳое, ки 50 сол пеш сармои абадӣ буду дар он ҷо барф мехобид, акнун қишри кӯҳи намудор шуда истодааст. Дар мақолаи мазкур оид ба сабаб ва роҳҳои ҳифз ва бартарафкунии обшавии пиряхҳо роҷеъ ба мақолаҳои олимони ҷаҳонӣ оварда шудааст.

Ихроҷкунии бевоситаи дуди оташи дар табиат мавҷуд буда, таъсири дуди он ки ба атмосфера ихроҷ мешавад, обшавии барфу пиряхҳоро метезонад. Заррачаҳои дар натиҷаи кори муҳаррикҳои дизелӣ, метан ва дигар намуди газҳои зараррасони ба атмосфера ихроҷшаванда қишри озонии атмосфераро сӯрох намуда, ба тағйирёбии иқлим сабаб шуда истодааст. Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳалли масъалаҳои хусусяити экологӣ дошта дар имконияти танҳо як давлат нест, инро метавон дар якҷоягии давлтҳо ба ҳадаф расид. Ҳамаи ин масъалаҳоро Тоҷикистон ва роҳбарияти он ба хубӣ дарк намуда, пешниҳодҳои худро дар арсаи байналмиллалӣ арзёбӣ намудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба роҷеъ ба ин масъалаи мубрами рӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим ибрози ақида карда буданд. Маротибаи дигар дар Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (15.12.2022) қайд гардид, ки қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо дарназардошти ин Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пайгирӣ намудан ва ҳалл кардани масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- эълон гардидани 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- дар назди СММ таъсис додани фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо. Дар соли 2025 доир намудани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.

Тавре Президенти кишвар таъкид мекунад, дар даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо ҳарчи бештар тағйироти ҷиддиро дар иқлим мушоҳида карда истодаем. Зимистони мо хунуку дарозтар, тобистони мо гармтару хушктар шуда истодааст. Ба ин муносибат талабот ба қувваи электрикӣ ва манбаҳои об хеле афзуд. Ба ғайр аз ин, сикли гидрологи низ тағйир меёбад, ки ин боиси тағйир ёфтани маҷрои дарёҳо дар минтақа ҳам аз чиҳати ҳаҷм ва чӣ аз ҷиҳати вақт мегардад. Дар ин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи тавлиди нерўи барқ ва танзими захираҳои оби минтақа қодир нестанд талаботи рўзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиётро қонеъ созанд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ бо норасогии об рӯбарӯ шуданд.

Дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пиряхҳо мавҷуд мебошад, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6% масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.

Давоми 100 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар тақрибан ба 10С афзоиш ёфтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда расонидааст. Аз соли 1930 то ин ҷониб масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Обшавии солонаи пиряхҳо дар Тоҷикистон 10-20% оби дарёҳои калон ва дар солҳои хушку гарм то 70%-ро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як манбаи асосии захираҳои об буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии пиряхҳо шиддат гирифтааст, дар кишвар маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст, ки ин масъалаи муҳимро амиқ омӯхтааст. Дар баробари пажӯҳиш, ин марказ ба нақша гирифтааст, ки манбаи обро назорат кунад ва харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода кунад. Факултетҳои географии донишгоҳҳо оид ба пирьяхшиносӣ мутахассисон тайёр мекунанд, то ки онҳо дар давоми даҳсола тадқиқоти махсусро ба ҷо оваранд.

Гуфтан зарур аст, ки хатарҳои обшавии пиряхҳо ба оқибатҳои хеле шадид оварда мерасонад. Хатарҳои обшавии пиряхҳо ба норасоии оби ошомиданӣ ва хушксолӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ: обхезӣ ва боронҳои шадид, ярч, тармафароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, паст рафтани рушди кишоварзӣ, аз байн рафтани чарогоҳҳо, кам шудани оби полезӣ оварда мерасонад.

Аз ҳама ташвишовараш дар он аст, ки ин хатар боиси баланд шудани сатҳи камбизоатӣ, норасогӣ дар таъмини аҳолӣ бо об ва озуқа гардида, ба сар задани муноқишаҳо барои тақсимоти об байни давлатҳо ва сарҳадҳо оварда мерасонад.

Дар давлатҳои Аврупо барои пешгирии оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва обшавии пиряхҳо аллакай чорабиниҳо татбиқ шуда истодааст. Ё худ ба иқтисод ва экологияи сабз гузариш карда истодаанд. Мо бояд дар амал барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ дар байни халқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

Тарғиб кардани коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ дар маданияти шаҳрдорӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар сохтмони сарбанд ва обанборҳо боиси пешгирии ин масъала мебошад. Зиёд намудани масоҳати ҷангалҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ низ яке роҳҳо пешгирӣ мебошад.

Боиси хурсандист, ки дар Тоҷикистон 98% неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи табиӣ истеҳсол мешавад, ки ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия тааллуқ дорад.

Бояд гуфт, ки тамоми ҳадафҳои кишвари мо ба устувории экологии сайёра нигаронида шуда, бештар прогрессивӣ мебошанд. Яъне тамоми тадбирҳо ва чорабиниҳои бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дурнамои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати ин соҳаро фаро мегиранд.

Бо дарназардошти проблемаи глобалии обу иқлими мазкур ҳамаи пешниҳодҳои Ҷаноби олиро мо ҳамчун миллати давлати ташаббускор зарур аст, ки ҳамаи чорабиниҳои банақшангирифтарро мақсаднок дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

Маҳмудова Ф.М.,

омӯзгори кафедраи саноати сабук ва нассоҷӣ