Вақте маводи ҳангомаҷӯёнаи Муҳаммади Одинабекро таҳти унвони «Интиқом шурӯъ шуд? Ё асли воқеият: тоҷик дар Тоҷикистон муҳоҷир аст?» мутоила намудам, бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки то кадом андоза душманони миллати мо ба пешрафт ва шукуфоии кишварамон бо чашми нотавонбин дида медӯзанд. Номбурда ҳар он амале, ки солҳои навадуми асри гузашта бар сари миллати мо аз ҷониби наҳзатиёни фундаменталист таҳмил шуда буд, ба фаъолияти имрӯзаи давлат ва Ҳукумат рабт медонад, ки комилан хатост. Ҷанги бародаркушро кӣ оғоз кард, ҳама медонанд.

Пас аз пошхӯрии давлати бузурги ИҶШС Тоҷикистон низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо соҳибдавлат шуд ва ин неъмати бузургро Истиқлол номиданд. Аммо мустақилият бо хунбаҳои садҳо сокинони кишвар ба даст омад. Аниқтараш бадсиголӣ,  нодидагирии иддае аз ба ном «сарсупурдагони миллат» сабаб шуд, ки ин миллати баъди ҳазор сол навзуҳуркарда боз ба гирдоби аҳримансифатон ғӯта занад. Аз ин ҷанги бародаркуш бештар модарон ва хоҳарони мо ҷабру ситам диданд, зеро онҳо шаҳди марги писар ва ё падарро чашиданд. Хавфи аз байн рафтани ин миллат ва пора- пора шудани минтақаҳои он ба миён омада буд. Ҳамсоягони мо ҳар лаҳзаву соат омодаи он буданд, ки харитаи сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Дар чунин муҳит танҳо ваҳдату ягонагӣ ва тӯдакаше лозим буд, ки ҷомеаро аз қафои худ ба пеш барад, ба сӯи нуру зиё, ба сӯи фардои дурахшон. Ин рисолатро фарзанди фарзонаи миллат, оне ки мисли дигар шахсиятҳои бо нангу ор шабу рӯз хун мегирист, Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Ин миллати парокандаро ба ҳам овард. Сулҳу оштӣ дод. Хиради азалӣ насиби тоҷикон гардид. Магар Муҳаммади Одинабек намедонад, ки кадомин тараф бештар майлу хоҳиши сулҳро дошт. Агар мухолифин воқеан ҳам дилсӯзи миллат мебуд, аввал иқдоми гуфтугӯи мусолиҳатомезро ба даст мегирифт. Маҳз ҳукумати кунунӣ таҳти Сарварии Эмомалӣ Раҳмон  тасмим гирифтанд, ки новобаста ба амнияти худ ба чунин «риск» раванд. Магар рақибони мо фаромӯш карданд, ки ба шартҳои гузоштаи ҷониби мухолифин Сарвари давлат бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷонро ба каф гирифта, ба вазнинтарин нуқтаи Афғонистон барои гуфтушунид рафтанд. Магар «озодандешон»- и насли нав фаромӯш карданд, ки танҳо ба хотири амну амонӣ ва пешниҳоди Сарвари давлат Ҷумҳуриҳои Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон розӣ шуданд, ки гуфтушунидҳо дар ин мамлакатҳо доир шаванд. Ҷони ҳазрон ҳазор ҷавононро кӣ рабуд, таърих дар хотир дорад. Маҳз ҷангиёни наҳзатӣ ба хотири барпо намудани давлати фундаменталӣ ба қатлу куштор, ғорат, таҷовуз даст заданд. Осори ин солҳои сияҳро то кунун модарон чашидаанд.

Аввалин коре, ки ин марди Худо анҷом дод, овардани гурезагон аст. Гурезагон аз ҷабри домуллотарошони наҳзатӣ, ки парвардаи обу хоки Афғонистону Эрон буданд, ба муҳоҷирати иҷборӣ рафтанд. Мо худбо чашми сард идем, ки роҳбари давлат ба хотири баргардонидани гурезагон ба ҷои муваққатии онҳо рафт. Мо худ эҳсос кардем, ки Сарвари давлат аз мушкилиҳои гурезагон бо ҳарорат сухан мекарданд.  Касе ки он рӯзҳои наҳсро дар хотир дорад, медонад, ки мушкилоти аз гурезагии вазнинтар ёфтани нон ва зистан барои намурдан буд. Садҳо кӯдакону модарон аз гуруснагӣ фавтиданд. Ана дар ҳамин рӯзҳои вазнин Сарвари давлат паҳлӯи мардум буд. Ин ҳама заҳматҳоро нодида гирифтан аз рӯи камоли одамгарӣ нест.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015  парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИТ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем.