Субҳи имрӯз дар толори варзишии факултети муҳандисӣ-иқтисодии донишкада бахшида ба 25-солагии таъсисёбии рӯзи Артиши миллӣ спартакида таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» доир гардид.

Чорабиниро муовини директории донишкада оид ба таълим Хуршед Мақсудов ҳусни оғоз бахшида,  паёми табрикотии  директории донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба кулли  вазишгарон расонида, таъкид дошт, ки рӯ овардан ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш инсонро ҷисману руҳан солим мегардонад. Солҳои охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа аҳамияти хосса дода мешавад. Сохта мавриди истифода қарор додани ҳазорҳо майдонча ва толори варзишӣ бозгӯи гуфтаҳои болоист. Ҳамзамон варзиш василаи дӯстиву тифоқист ва итминони комил дорам, ки чорабинии имрӯза барои робитаи дӯстии байни донишҷуён заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Сипас дастаҳои факултетҳои  информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ- иқтисодӣ ва муҳандисӣ- технологӣ аз рӯи шартҳои турниккашӣ, сангбардорӣ, дастхобонӣ, арғамчинкашӣ, вазнихудбардорӣ ва эстафета бо ҳам вориди рақобат шуданд. Дастаи  информатика ва энергетика дар се намуди шарт ғолибияти кулл ба даст оварда, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид. Дастаҳои факултети сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ- иқтисодӣ ва муҳандисӣ- технологӣ мутаносибан мақомҳои дуюм, сеюм ва чорумро ишғол намуданд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раёсати донишкада Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.