Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми майи соли ҷорӣ бо намояндагони илму маорифи кишвар вохӯрии судманд анҷом дода, мубрамтарин масоили марбут ба соҳаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Зимни вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат нахуст аз рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ёдовар гардида, таъкид намуд, ки бузургтарин дастоварде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба он дастрасӣ пайдо намуд, ин хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

       Дар ҷараёни мулоқот Пешвои муаззами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

      Ин нуктаҳоро Пешвои муаззами миллат ёдовар гардида, чунин иброз доштанд: “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”.

     Беҳбуди вазъи иҷтимоии устодону кормандони муассисаҳои илмӣ   самти дигари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бевосита зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Агар мо ба  ҳисоботҳои  оморӣ назар андозем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ҳамасола музди маоши кормандони илмӣ вобаста ба имкониятҳои буҷетӣ баланд бардошта мешавад.  Президенти кишвар дар суханронии худ аз ҷумла қайд намуданд:  “....маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.

     Яке аз соҳаҳои мубраме, ки дар он ҷавонон сарбаландона ифои вазифа доранд, ин соҳаи илму маориф мебошад. Агар аз як ҷониб ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзишу азхудкунии дониш машғул бошанд, аз ҷониби дигар ҷавонон ба таҳқиқу тадрис машғуланд. Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон  неруи бузурги ҷавононро ба инобат гирифта, онҳоро ояндаи давлату миллати тоҷик муаррифӣ намуданд.  Ба олимону муҳаққиқони соҳибунвону таҷрибадор дастур дода шуд, ки дар омодасозии кадрҳои ҷавон бетарафӣ накарда, ёрии ҳамаҷонибаи худро расонанд.

   Дар ин росто, мақом ва нақши калонсолон дар тарбия ва таълими насли ҷавон хеле таъсиргузор аст. Маҳз насли калонсолу донишманд аст, ки ҷавонон дар руҳияи инсонгароӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия меёбанд. Бояд ҳар як фарди тоҷик суханони Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзгори худ намуда, дар роҳи тарбияи насли донишманду соҳибфарҳанг нақши бориз гузорад.

     Изҳори боварӣ карда шуд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати азалии  ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд

     Бо камоли боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки суханрониҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон боз як ғамхории падарона ва ватандӯстонаи Сарвари маҳбуби давлат нисбати аҳли илм ва маорифи кишвар буда, мо зиёиёнро вазифадор месозад, ки баҳри ояндаи дурахшони кишвари азизамон Тоҷикистон бо неруи қавӣ, дасту дили гарм ва нияти пок ҷаҳду талош намоем, дар рушду ободӣ ва пешрафти ин мамлакати гулгулшукуфон ва дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи маорифи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

         Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд