ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАДДИ НАЗАР
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назар
Дар доираи амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 таҳти № 795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чораҳои судманд андешида мешавад, аз он ҷумла чанде қабл бо мақсади муайян намудани сатҳи забондонии омӯзгорон ва кормандони донишкада санҷиш гузаронида шуд.
Дар асоси натиҷаи санҷиши сатҳи забондонии кормандон ва боз ҳам баланд бардоштани он дар Донишкада бо ҷалби омӯзгорони баландихтисос, курсҳои омӯзишии забони англисӣ, ташкил карда мешаванд. Машғулиятҳои мазкур ҳафтае 3 маротиба дар пояи парки технологии донишкада ташкил гашта, ба хатмкардагони он сертификатҳои забондонӣ дода мешавад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки такмили сатҳи забондонии омӯзгорон ва кормандон баҳри баланд бардоштани сифати таълим, самаранокии корҳои илмию тадқиқотӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои хориҷӣ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои дигар мусоидат хоҳад кард.