Қоидаҳои қабул
Қабули
довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тибқи қонунгузории амалкунанда амалӣ мегардад.
Қоида ва тартиби қабулро Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, қабул дар асоси имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тибқи Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. https://ntc.tj/tj
Кӣ метавонад ҳуҷҷат супорад?
Ба таҳсил
шахсони зерин қабул карда мешаванд:
- шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон;
- шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ;
- шахсоне, ки дорои таҳсилоти умумии миёна (пурра), таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.
Тартиби интихоб
Интихоби
довталабон дар асоси озмун ва тибқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидашудаи
дохилшавӣ амалӣ мегардад.
Шаффофият ва адолат
Раванди қабул пурра автоматиконида буда,
тавассути низоми ягонаи иттилоотии Маркази миллии тестӣ анҷом дода
мешавад, ки шаффофият, беғаразӣ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи довталабон
таъмин менамояд.