Магистратура
Магистратура зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ буда, хатмкардаи он соҳиби дараҷаи академии магистр аз рӯи ихтисос мешавад. Магистратура имконият медиҳад, ки ихтисос дар як соҳаи муайяни касбӣ амиқтар шавад ва дар баъзе мавридҳо он тағйир ёбад.
Мӯҳлати таҳсил: 2 сол
Мақсади таҳсил: Гирифтани дониши пешрафта ва малакаҳои махсуси тадқиқотӣ ва созандагӣ дар соҳаи мушаххас. Ишғоли вазифаи ибтидоии омӯзгорӣ дар МТОК (муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба монанди донишкада, академия ё донишгоҳ)
Натиҷаи таҳсил: Хатмкардагон соҳиби ҳуҷҷати давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ - дипломи зинаи магистри соҳаи муайян шуда, барои ишғоли вазифаҳои кории сатҳи боло ё таҳсили минбаъда дар зинаи докторантура (PhD) омода мешаванд.
Таҳсилоти қаблӣ: Таҳсилоти олии касбии зинаи бакалавр ё мутахассис
Тартиби қабул ба зинаи магистратура:
- Хатмкардагони МТОК – донишкадаҳо, академияҳо ё донишгоҳҳо дар давраи қабул бевосита ба донишкада ҳуҷҷат супорида, аз рӯи натиҷаҳои имтиҳон ва озмун қабул карда мешаванд.
Довталабоне, ки касби муҳандисӣ доранд, метавонанд соҳаи худро амиқтар омӯзанд ё соҳиби касби дигар дар соҳаи менеҷмент (бизнес – маъмурчигӣ) ё педагогика (таълими касбӣ) шаванд.
Номгӯи ихтисосҳои зинаи магистратура
Рамз | Номгӯи ихтисос
1-370107 | Хизматрасонии автомобилӣ
1-400101 | Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ
1-400102 | Низоми технологияи иттилоотӣ (аз рӯи самтҳо)
1-400301 | Зеҳни сунъӣ
1-430103 | Таъмини барқ
1-440101 | Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ
1-490101 | Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ
1-490102 | Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот
1-500102 | Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ
1-530105 | Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ
1-69010105 | Таъмири ёдгориҳои меъморӣ
1-700201 | Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ
1-70020108 | Энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон
1-740206 | Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ
1-080101 | Таълими касбӣ (аз рӯйи самтҳо)
1-250103 | Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
1-250104 | Молия ва қарз
1-250107 | Иқтисодиёт ва идора дар корхона
1-260201 | Бизнес маъмуриятчигӣ