Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
Тақсилоти дуюми олии касбӣ (ТДОК) ин гирифтани таҳсилоти олии касбии иловагӣ пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (донишкада, академия ё донишгоҳ) мебошад.
Мӯҳлати таҳсил: 3 сол
Мақсади таҳсил:
- Васеъ намудани дониш ва малака дар соҳаи дигар;
- Баланд бардоштани тахассус ва рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат.
Натиҷаи таҳсил: Хатмкардагон соҳиби ҳуҷҷати давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ - дипломи бакалавр ва тахассус аз рӯи ихтисос гардида, барои ишғоли вазифаҳои кории ибтидоӣ, ба монанди муҳандис, технолог, иқтисодчӣ ё таҳсили минбаъда дар зинаи магистратура омода мешаванд.
Таҳсилоти қаблӣ: Таҳсилоти олии касбии зинаи бакалавр ё мутахассис.
Тартиби қабул ба таҳсил:
- Хатмкардагони МТОК – донишкадаҳо, академияҳо ё донишгоҳҳо дар давраи қабул бевосита ба донишкада ҳуҷҷат супорида, аз рӯи натиҷаҳои имтиҳон ва озмун қабул карда мешаванд.
Таҳсилоти дуюм олии касбӣ дар донишкада аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои зинаи бакалавриат пешниҳод мешавад.