• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  •    Асосӣ
  • ТАЪЛИМ
  • Тартиби сиклии таълим
Тартиби сиклии таълим

Модели таълими сиклӣ технологияи ташкили раванди таълими мутамарказ (концентрированное обучение) мебошад, ки татбиқи он дар низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст (Қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2023, №13/3).

Дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ тартиби сиклии таълим роҳандозӣ карда шудааст.

Модели сиклии таълим - омӯзиши параллелии на бештар аз ду фанро дар бар мегирад, ки дар он донишҷӯён дар давоми як сикл 1 ё 2 фанро аз бар намуда, имтиҳони онро супорида, баъд ба сикли дигар мегузаранд. Ҳамин тавр дар нимсола фанҳо паиҳам омӯхта мешаванд.
Нимсолаи таҳсил дар тартиби сиклии таълим дар донишкада  аз 5 сикл иборат буда, дар ҳар сикл аз ҷониби донишҷӯ 6 кредит аз бар карда мешавад.
Дар нақшаҳои таълимии зинаи бакалавриати донишкада бештари фанҳо аз 6 ва 3 (қисман 2 ва 4 кредит) иборат мебошанд. Аз ин лиҳоз дар ҳар сикл асосан 1 фан (6 кредит) ва ё 2 фан (3 кредит, ё 4+2 кредит) таълим дода мешавад.
Сикли таълимӣ аз 22 рӯз иборат буда, 16 рӯзҳои дарсӣ, 2 рӯзи ҷамъбасти рейтингҳо, 4 рӯзи омодагӣ ва имтиҳони ниҳоиро дар бар мегирад.

Зимни ҷорӣ намудани модели сикли таълим раёсати донишкада бештар ба омилҳои зерин такя менамояд:
- Мутамарказ сохтани афкори устоду донишҷӯён барои таълиму азхудкунии як ё ду фан;
- Самаранок шудани истифодаи фонди китобхона аз ҳисоби на дар давоми нимсола балки дар ҳар сикл аз ҷониби донишҷӯён кор фармудани китобу дастурҳои таълимии як фан;
- Пайдо гаштани имконияти сикл ба сикл дар гурӯҳҳои навбатӣ беҳтар кардани таълими як фан барои устод;
- Самаранок ва каммасраф шудани кори маркази тестӣ аз ҳисоби сикл ба сикл дар давоми нимсола на дар охири он гузаронидани имтиҳон;
- Имконияти бештари ҷалби устодон аз дигар шаҳр ё кишварҳо аз ҳисоби ба вақти камтар даъват кардани онҳо;
- Имконияти машғулшавӣ ба такмили ихтисос ё сафари хидматии илмӣ барои устодон, хусусан ҷавонон дар сиклҳои холии онҳо;
- Имконияти самаранок истифода намудани захираи кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо;
- Имконияти дигаркунии муҳити кории озмоишгоҳ (ивазкунии таҷҳизот) барои сикли навбатӣ вобаста ба фан ва самаранокии истифодаи масоҳати умумии озмоишгоҳҳо;
- Назорати бевоситаи хамаи дарсхои устоди кафедра аз ҷониби мудири кафедра ва кормандони деканат;
- Назорати бевоситаи ба дарсҳозиршавии донишҷӯён ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб.

ТАЪЛИМ

  • Шурои таълимӣ – методӣ
  • Бакалавриат
  • Магистратура
  • Докторантураи PhD
  • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
  • Тақвими академӣ
  • Тартиби сиклии таълим
  • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
  • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
  • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены