• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  •    Асосӣ
  • ТАЪЛИМ
  • Шурои таълимӣ – методӣ
Шурои таълимӣ – методӣ

Шурои таълимӣ - методӣ (ШТМ) ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳамоҳангсоз ва машваратӣ барои идоракунӣ ва ташаккулу рушди корҳои таълимӣ, таълимӣ - методӣ ва таълимӣ - ташкилии донишкада буда, бо ҷалби васеи кормандони илмиву педагогӣ ва донишҷӯён, инчунин намояндагони беруна фаъолият мебарад.

ШТМ кори худро дар ҳамкорӣ бо Шурои олимон, шуъбаҳои таълим ва методӣ, шуроҳои илмӣ - методии факултетҳо, китобхона, сохтори ба табъу нашр вобастаи донишкада, инчунин бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд.

Қарорҳои ШТМ хусусияти машваратӣ дошта, дар ҳолати зарурӣ аз ҷониби директори донишкада тасдиқ карда мешаванд.

ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:

Ҳадафи асосии ШТМ фароҳам овардани шароит барои муҳити таҳсилотии рақобатпазири донишкада ва дар ин замина барои ба дастоварии таҳсилоти босифат ташкил намудани имкониятҳо оид ба таҳияву татбиқи стандартҳо ва барномаҳои таҳсилотӣ бо роҳи иҷрои вазифаҳои зерин мебошад:

- коркарди стандартҳои таҳсилотӣ ва қоидаҳои ба корҳои таълимӣ – методӣ вобастаи донишкада бо дарназардошти талаботу стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароит барои кушодан ва ҷорӣ намудани барномаҳои таҳсилотии рақобатпазир; 
- коркарди механизмҳои муосири тарҳрезии барномаҳои таҳсилотӣ (талабот ба натиҷаҳои таҳсил, нақшаҳои таълим, барномаҳои кории фанҳо ва ғ.) бо иштироки фаъоли донишҷӯён ва корфармоён;
- ҷорӣ намудани шаклҳои муосири ташкил ва таъминоти меъёриву методии раванди таълим; 
- ҷорӣ намудани механизмҳои арзёбии ҳамаҷонибаи сифати мундариҷа ва амалигардонии барномаҳои таҳсилотӣ бо ҷалби ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим; 
- такмил додани технологияҳои таълим дар асоси иттилоотонӣ, ҷустуҷӯи усулҳо ва шаклҳои нави педагогӣ; 
- коркарди таъминоти таълимӣ - методӣ ва иттилоотии муосири барномаҳои таҳсилотӣ.
- муайян ва ташаккули самтҳои асосии афзалиятноки корҳои таълимӣ ва таълимӣ - методӣ дар донишкада;
- барои тасдиқ пешниҳод намудани ифтитоҳи барномаҳои таҳсилотии нав дар зинаи бакалавриат ва ё ташкили навсозии барномаҳои мавҷуда;
- ташкили таҳия ва мувофиқаву тасдиқкунонии стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълими барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои зинаи бакалавриати донишкада;
- ташкили коркард, бамувофиқаоварӣ ва тавсия барои тасдиқи қоидаву санадҳои меъёрии локалӣ (дохилимуассисавӣ) нисбати масъалаҳои дастгирии (таъминоти) таълимӣ - методии раванди таълим ва таҳсил; 
- баррасии маводҳои таълимии омодагашта ва тавсияи онҳо барои нашри чопӣ ё электронӣ (аз он ҷумла бо ҷузъҳои мултимедиявӣ, инчунин бо замимаҳои аниматсионӣ ба қисми асосии нашрия);
- ҳамоҳангсозии кори шӯроҳои илмӣ – методии факултетҳо нисбати масъалаҳои таълимӣ - методӣ, комиссияҳои методии кафедраҳо;
- ҳамкорӣ бо созмонҳои расмии донишҷӯёни донишкада ташкил намуда бо мақсади гирифтани фикру мулоҳизаҳои донишҷӯён оид ба масъалаҳои ташкили корҳои таълимӣ ва таълимӣ – методӣ;
- ташкили таҳия ва ташаккули нақшаи нашри адабиёти таълимӣ - методӣ дар донишкада;
- баррасии муназзам (системавӣ) ва таҳлили натиҷаҳои фаъолият нисбати таҳсилоти инклюзивӣ, таҳсилоти кушод ( on-line ), ҳамкории шабакавӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, аттестатсияи ҷориву ниҳоӣ ва ғайра;
- арзёбии самаранокии кори таълимӣ - методии кафедраҳо ва воҳидҳои сохтории донишкада;
- омодагӣ ва баргузории конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ - методӣ оид ба проблемаҳои кори таълимию методӣ дар МТОК;
- иҷрои дигар вазифаҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолияти ШТМ бо супориши директори донишкада.
Масъалаҳое, ки ба доираи вазифаҳои ШТМ дахл дошта, дар доираи имконоти вазифавӣ ва вақтии кормандони шуъбаҳои таълим ва методӣ, сарбории омӯзгорон иҷро намешаванд, иҷрошавии онҳо барои сифатнок шудани раванди таълиму таҳсил зарур аст ё бо талаботи мақомоти дахлдор бояд иҷро шаванд, ба гурӯҳҳои кории муваққатӣ супорида мешаванд.
- Таҳия ва ё таҷдиди мундариҷаи таҳсилот ва қисмҳои он – салоҳиятҳои хатмкунандаи ихтисос, стандартҳои таълим барои ихтисос, нақшаи таълим барои ихтисос, каталоги фанҳо барои ихтисос, силлабусҳои (барномаҳои кории) намунавии фанҳо, таҷрибаомӯзиҳо, аттестатсияи хатм ва ғ.:
- Таҳияи дастурҳои методии ҷорикунии усулҳои нави таълим, баҳодиҳӣ, арзёбӣ;
- Таҳияи дастурҳои методӣ оиди сохтани маводҳои санҷишиву имтиҳонӣ барои санҷидани азхудшавии салоҳиятҳо;
- Гузаронидани пурсишҳо ва таҳлили натиҷаҳои онҳо барои санҷидани натиҷанокии равандҳои кории фаъолияти таълимӣ – методӣ;
- Гузаронидани санҷишҳои аналитикӣ бо супориши директор;
- Таҳия ва ё таҷдиди ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии донишкадавӣ (низомномаҳо, қоидаҳо, тартибҳо, ...) оид ба ташкили корҳои таълимӣ – методӣ.

Функсияҳои асосии фаъолияти ШТМ:

Вазифа ва функсияҳои худро ШТМ бо нақшабандии масъалаҳои асосии корҳои таълимӣ – методӣ ва баррасии онҳо дар ҷаласаҳо, ташкили гурӯҳҳои корӣ ва дида баромадани натиҷаҳои кори онҳо дар ҷаласаҳои худ, бо қарорҳои ҷаласаҳо пешниҳоди тавсияҳо, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои ташкили раванди таълиму таҳсил ва таҷдиди он барои тасдиқ ба шӯрои олимони донишкада ё директор иҷро мекунад.

ГУРӮҲҲОИ КОРИИ МУВАҚҚАТӢ

Ташкили гурӯҳҳои кории муваққатӣ бо нишон додани вазифаи он метавонад  дар нақшаи ҷаласаҳои ШТМ пешбинӣ шавад ва ё вобаста ба зарурият дар ҷаласаи навбатӣ ҳамчун масъалаи ҷорӣ баррасӣ гардида, ташкил шавад. Гурӯҳҳои кории муваққатӣ барои ҳалли вазифаҳои ШТМ бо фармоиши директор ташкил карда мешаванд. Вазифаи гурӯҳи корӣ бевосита дар фармоиш ё ҳуҷҷати алоҳида муайян карда мешавад.

Намунаи масъалаҳое, ки бо ёрии гурӯҳҳои кории муваққатӣ иҷро намудан имконпазир аст:

ТАЪЛИМ

  • Шурои таълимӣ – методӣ
  • Бакалавриат
  • Магистратура
  • Докторантураи PhD
  • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
  • Тақвими академӣ
  • Тартиби сиклии таълим
  • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
  • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
  • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены