Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
Шуруъ аз соли 2012 то ин ҷониб дар назди ДП ДТТ ба номи
академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд парки
технологӣ фаъолият мебарад. Парки технологӣ бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалби
донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ,
ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотии устодони донишкада, вусъат
бахшидан ба фаъолияти инноватсионӣ ташкил карда шудааст.
Яке аз самти парки технологӣ ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ, забони русӣ, забони олмонӣ, васлу насб ва таъмири таҷҳизоти электрикӣ, тарҳрезӣ ва дӯзандагӣ, хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ, технологияи информатсионӣ, технологияҳои истеҳсоли хӯроки омма, технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо, муҳосиби компютерӣ ва асосҳои лоиҳакашии компютерӣ мебошад. Доир ба ин
Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф
ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Т-ИФ №0003728 гирифта шудааст.
Дарсҳои омӯзишию амалии
курси кӯтоҳмуддат дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ва Парки технологии
Донишкада (сехҳои дӯзандагӣ, таъмири нақлиёти автомобилӣ, синфхонаҳои компютерӣ,
озмоишгоҳҳои таҷҳизоти барқӣ) гузаронида мешаванд, ки пас аз хатми ин курсҳо
шунавандагон соҳиби сертификат мегарданд.