АНҶУМАНИ ХV ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд. Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.
Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
18.12.2024