ТАКМИЛИ ҲУНАРИ КАДБОНУГИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН
Бо мақсади рушд ва такмил додани донишҳои назариявиву амалие, ки дар донишкада омӯзонида мешавад, бо мутахассисони пешбари берунаи бо соҳаҳои гуногун вобаста мунтазам вохӯриву чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад.
Чунин мулоқотҳо имконияти фаровон барои васеъ намудани ҷаҳонбиниву малакаи эҷодию ҳунарии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Вохӯрии навбатии донишҷӯдухтарони курси 1-уми ихтисоси “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ” бо директори академияи “Маҳорат” фуд блогери машҳур, муаллифи саҳифаи “Jiz Biz” Нигора Олимова баргузор гардид.
Дар доираи он мастер класс оид ба омода намудани хӯришҳои замонавиву ғайриоддӣ гузаронида шуд. Дар раванди машғулияти амалӣ оид ба тариқи касбӣ реза намудани сабзавоту маҳсулотҳои хӯрока, дуруст омехта намудан ва интихоби маҳсулот амалан иҷро ва намоиш дода шуд. Инчунин барои фаҳмидани хусусияту ғизонокӣ ва фарқкунандаи таъомҳои гуногуни мамлакатҳои ҷаҳон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки ҳар як донишҷӯ барои худ маълумоти ҷолиберо гирифтанд.