ИФТИХОРИ МО: ҒОЛИБИЯТИ БИЛОЛ БОБОЗОДА ДАР ДУ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ
Билол Бобозода, донишҷӯи соли чоруми ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои вилоятиии «Донишҷўи сол-2024» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» фаъолона ширкат намуда, мақоми аввал ва сеюмро соҳиб гардид.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои вилоятиии «Донишҷўи сол-2024», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани туҳфаҳо ба ғолибони озмунҳо иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар дар самти ташаккули афкори созанда, рушд бахшидан ва татбиқи илми пешрафтаи замони муосир пайваста кўшиш мекунад, то фазои мусоидро барои ҳамаи наслҳо ва бахусус насли ояндасоз фароҳам созад.
Дар ин замина, тибқи қарорҳои Раиси вилоят баргузор гардидани озмунҳои «Донишҷўи сол - 2024» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, баёнгари бовариву эътимоди давлату миллат ба насли наврасу ҷавони кишвар буда, талошу кӯшишҳои онҳо дар самти омўзиш ҳамаҷиҳата мавриди ғамхорӣ ва қадршиносӣ қарор мегирад.
Ҳадафи баргузории чунин озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти донишҷўёни беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат буда, барои ғолибон дар ҳамаи озмунҳо мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонон дар замони рушди босуръати илму техника ба азхудкунии технологияи муосир, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа, тарбияи кадрҳои бомаҳорат ва масъулиятшинос, ба омўхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати баланд, кўшишу талошҳои пайгирона ва эҳсоси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои зикршуда туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯи соли чоруми ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии донишкада Билол Бобозода бо навъи ихтироъ дар мавзўи “Web-замимаи “Тибби зеҳнӣ”” дар озмуни вилоятии «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» ширкат варзида, дар номинатсияи “Барномарезӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.
Инчунин Билол Бобозода дар озмуни “Донишҷӯи сол” аз руйи равияи фанҳои дақиқ ширкат вазрида сазовори ҷои сеюм гашт.
Муборак бошад!