ОЗМУН: “ИННОВАТСИЯ ДАР САМТИ ЭНЕРГЕТИКА”
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми кафедраи таъминоти барқ ва автоматика озмуни инноватсионӣ таҳти унвони “ИННОВАТСИЯ ДАР САМТИ ЭНЕРГЕТИКА” баргузор гардид.
Дар озмун донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 ихтисосҳои таъмини барқ ва ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ бо навовариҳои худ дар самти энергетика фаъолона иштирок ва онро омӯзгорони кафедра ҳакамӣ намуданд. Таъкид шуд, ки мақсади гузаронидани озмун ин баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад.
Озмунро мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматика н.и.т. Додохон Ҷӯраев натиҷагирӣ намуда, ғолибонро эълон дошт.
Ҳамин тавр, дар озмун Собитҷон Эркаев, донишҷӯйи курси 4, ихтисоси таъмини барқ бо навоварии худ дар мавзӯи “Освобождение от влияния гармоник в системе электроснабжения”, Беҳзод Қурбонов, донишҷӯйи курси 4, ихтисоси таъмини барқ бо навоварии худ дар мавзӯи “Шабакаи Smart Grid”, Илҳомҷон Азимбоев донишҷӯйи курси 4, ихтисоси таъмини барқ бо навоварии худ дар мавзӯи “Навовариҳои таҷҳизоти энергетикӣ барои соли 2024”, Абдусамеъ Сафаров донишҷӯйи курси 4, ихтисоси таъмини барқ бо навоварии худ дар мавзӯи “ Нерӯгоҳҳои гибридӣ: офтобӣ ва бодӣ”, ва Муҳаммадфарид Турсунзода донишҷӯйи курси 4, ихтисоси таъмини барқ бо навоварии худ дар мавзӯи “Технологияҳои нави панелҳои офтобӣ” баромад карданд, мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Мудири кафедра Додохон Ҷӯраев ба иштирокчиёни озмун барои беҳтар намудани сифати пешниҳоди инноватсиониашон машварату маслиҳатҳои судманд дод.