• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ ҲУНАРМАНД» БАРГУЗОР ГАРДИД
 Новости
ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ ҲУНАРМАНД» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи “Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, муаррифии ҳунари воло, пос доштани анъанаву суннатҳои неки ниёгон, қадр намудани донишҷӯёни боистеъдод аз ҷониби кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ озмуни “Донишҷӯи ҳунарманд” доир гардид.
Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои тантанавӣ-идона, намоиши либосҳои рӯзмарра-расмӣ, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, дар озмун мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Манучеҳра Кенҷазода, мудири кор бо занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилором Қурбонова, намоянда аз ҶДММ “Ҷавонӣ”, М. Раҳмонова омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Ба ҳозирин паёми шодбодии директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода расонида шуда, дар он аз ҷумла зикр шудааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш вобаста ба тарбияи наслҳои худогоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замона баён дошта буданд: «…Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”. Ҷомеаи устодону шогирдони донишкада баҳри дар амал татбиқ дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат фаъолиятро дучанд намуда, дар донишкада барои ноил шудан ба мақсадҳои олии донишҷӯён ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии кишвар дар ҷодаи тарбияи кадрҳои соҳибтахассус шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мо ифтихор менамоем, ки донишкадаи моро фазои созандагиву бунёдкорӣ, фазои навовариву ихтироъкорӣ, муҳити ҳамбастагиву муттаҳидӣ, ки хоси ҷомеаи имрӯзаи муттамадини Ватани азизи мост, фаро гирифтааст.
Манучеҳра Кенҷазода, мудири шуъбаи кор бо занони шаҳри Хуҷанд дар баромади худ зикр кард, ки эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, тарғиби ҳунарҳои миллӣ қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаву суннатҳои ниёгон барои баланд шудани ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд.
Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд низ аз рӯи шартҳо вобаста ба маҳорати дӯзандагӣ озмун баргузор гардида, хоҳишмандон фаъолона ширкат варзиданд.
Озмун дар сатҳи баланди касбӣ доир гардида, ғолибон бо дипломҳои дараҷавӣ, сипоснома, тӯҳфаҳои донишкада ва сарпарасти озмун- ҶМММ “Фатир”, ки таҳти бренди “Орди Фатир” ки бо донишкада ҳамкории судманд дорад, қадрдонӣ гардиданд.







: 365

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены