• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМ - ҚУТБНАМОИ ҶОМЕАИ МО БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
 Новости
ПАЁМ - ҚУТБНАМОИ ҶОМЕАИ МО БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо кормандони давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон беш аз пеш ба ин санади муҳиму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти доимии худ қарор медиҳанд.
Чун ҳамасола Паёми ҷамъбастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид. Санаи 28 декабри соли 2024 Паёми Президенти кишварро кормандони ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, ҷомеаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо як руҳияи том тариқи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ тамошо намуданд.
Дар толори асосии донишкада бо иштироки кормандони раёсати донишкада, омӯзгорони собиқадор ва донишҷӯёни фаъол Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мустақиман тамошо карда шуд.
Инчунин роҳандозии ин тадбир дар толорҳои лексионӣ, синфхонаҳо, китобхонаҳои донишкада бо донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика, факултети сохтмон ва нақлиёт, донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-технологӣ воқеъ дар бинои Ҳаким Карим ва донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ воқеъ дар маҳаллаи 30-ум бо роҳбарии декани факултетҳо, ноибони декан ва омӯзгорони дарсдиҳанда амалӣ карда шуд.
Паёмҳои солонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ намунаи олӣ ва одилонаи ҳисоботи роҳбари як кишвар ба мардуми мамлакат вобаста ба фаъолияти солонаи Ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз асли миллати куҳанбунёд ва таърихан давлатдори тоҷикон дарак медиҳад. Маҳз дилсӯзӣ ва миллатдӯстии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон аз эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба миллат мебошад, ки инъикоси худро дар Паёмҳои солона ёфтааст.
Аз ироаи Паёми навбатӣ устодону донишҷӯёни донишкада изҳори хушҳолӣ намуда, ин раҳнаморо сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад ва рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аз ин соҳаи муҳим вобастагии амиқ дорад.
Ҷомеаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо таваҷҷуҳ ба ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тасмим гирифтанд, ки дар асоси ин ҳуҷҷати барномавӣ нақшаи кории худро таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру нишондодҳои навбатии Пешвои миллат, ки моро ба ҳифзу таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, фатҳи уфуқҳои нави рушд ва саодати миллӣ ҳидоят мекунанд, саҳми шоиста гузоранд.







: 303

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены