

МАШВАРАТИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД
6 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тағийроти кадрӣ сурат гирифта, Файзулло Қосимӣ, Зуфар Исмоилзода ва Ҷамшед Ҷӯразода муовинони Раиси вилояти Суғд таъин гардиданд.
Барои хизматҳои назаррасаш ба Зариф Мирдадо, ки тӯли чанд соли охир муовини Раиси вилоят ва сарпарасти соҳаи кишоварзӣ буд, изҳори сипос карда шуд.
Ҳамаи кадрҳои таъиншуда дорои таҷрибаи бой буда, солҳои зиёд дар сохторҳои давлатӣ фаъолият кардаанд.
Раиси вилоят ба муовинон ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, бунёди кӯдакистонҳо дар маҳаллаҳо, истифодаи самараноки замин, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, азхудкунии заминҳои кишоварзӣ, бунёди гармхонаҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, воридсозии тухмиҳои хушсифат, корҳои ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонӣ, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандӯстӣ супоришҳои мушаххас дод.
Шуъбаи кор бо ВАО