

ПАЁМ -РОҲНАМОИ ҶАВОНОН
Тибқи нақша чорабииниҳои раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот бо донишҷӯён оид ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28-декабри соли 2024 ироа гардид, баргузор шуд.
Дар оғози мулоқот мудири бахши ҷавонони раёсати донишкада Ҷамшед Масаидов бо такя ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ҷавононро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, дурӣ ҷустан аз бегонапарастию ифротгароӣ, донишомӯзӣ, эҳтирому дастгирии ҳамдигар даъват намуда, таъкид дошт, ки мо бояд пайравӣ аз дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат ирогардида, бо донишҳои муосири омӯхтаамон имрӯзу фардои миллатамонро ободу мунаввар намоем.
Сипас омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомешиносӣ Исматулло Норов роҷеъ ба таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ва тарбияи олимон ва мутахассисони асил, дастгириҳои ҳамаҷонибаи ҳукумати мамлакат дар бораи озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат ”, “Тоҷикистон ватани азизи ман “ ва муҳтавои онҳо баромад намуда, иттилоъ дод, ки ҳавасманднамоии маблағи ин озмунҳо сад фисад зиёд карда шуд ва аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки тамоми нерӯи зеҳниву ақлонии хешро баҳри пешрафт ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар бо истифода аз ҳамаи шароиту имконот, равона созанд.
Шуъбаи кор бо ВАО