• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҲАМОИШ: ПАЁМ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
 ҲАМОИШ: ПАЁМ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
ҲАМОИШ: ПАЁМ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

ҲАМОИШ: ПАЁМ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Дар факултети информатикаи ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш таҳти унвони «Паём - кафили ояндаи дурахшони давлату миллат» баргузор гардид.
Декани факултет Заррина Акрамова ҳамоишро ҳусни оғоз намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми мамлакат бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид. Паёми Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷабардории сол ва роҳнамо барои боз як соли дигар мебошад.
Мӯҳсинҷон Ҷӯраев, асистенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика дар баромади худ қайд намуд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои мамлакат мебошад ва соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Вобаста ба ин, моро зарур аст навовариҳои худро барои паст намудани талаф ва васеъ истифода бурдани МБЭ дар шароити Тоҷикистон равона созем. Мо олимони ҷавон барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои таъмини истиқлолияти энеретикӣ ҳамвора саҳми худро хоҳем гузошт.
Хиромон Қодирова, ассистенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ дар баромади худ иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт “Солҳои 2025-2030 - солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуданд. Дар ин раванд муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Вобаста ба ин, мо омӯзгорони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ ҷиҳати омода намудани
Моҳинисо Раҳматова, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва физика зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим якчанд нуқтаҳоро қайд намуданд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин Сарвари кишвар аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳанд.
Шоира Турсунова, ассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент дар баромади худ изҳор дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳоро барои таъмини минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқу кишвар муайян намуданд. Таҳлили саҳеҳу ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, шароити мураккаби сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, дарки амиқи самтҳои имконпазири рушди устувори ҷумҳуриамон боз як мисоли такмилу инкишофи сиёсати созандаю сафарбаркунанда ва талошҳои арзандаи Пешвои муаззами миллатамон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ мегардад. Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида дар самти иқтисоди миллӣ, Пешвои миллат Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Дар интиҳо, бояд тазаккур дод, ки чун ҳарвақта Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз буда, дар фаъолияти мо, омӯзгорону аҳли зиё ва тарбияи мутахассисони арзандаи соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ роҳнамост.
Гулшан Довудов аз номи раёсати донишкада барои ташкили ҳамоиши мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршори ақидаҳои ватандўстӣ, худогоҳии миллӣ, тарбия ёфтан дар руҳияи эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Паём ғояҳои нави бунёдкоронаро талқин намуда, моро ба шоҳроҳи тараққиёти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят менамояд.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 158

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены