ТАМРИНИ ТАФАККУР: МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ БАЙНИ УСТОДОН БАРГУЗОР ШУД
Бо мақсади тарғиби ҳаёти солим ва рушди бозиҳои варзишӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Санаҳои 13-14 январи соли ҷорӣ байни омӯзгорони донишкада мусобиқа оид ба шоҳмот гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди устодон фаъолона ширкат намуданд. Ҷараёни мусобиқа собит намуд, ки дар ин самти соҳаи варзиш
ҳаводорони зиёд вуҷуд дорад.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқи мазкур пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудан ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби шоҳмот байни тамоми қишри ҷомеа мебошад. Шоҳмот чун навъи варзиш шӯҳрати беандоза дошта, дар тамоми кишварҳои дунё шуғли писандида аст.
Бояд қайд намуд, ки шоҳмот яке аз кашфиётҳои куҳантарин ва аҷибтарин бозии мардуми форсу тоҷик мебошад, ки имрӯз ҳамчун варзиши сабук дар тамоми ҷаҳон матраҳ аст. Аз ин ҷост, ки ҳангоми бозии шоҳмот варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан инкишоф меёбад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст.
Шуъбаи кор бо ВАО