![СЕМИНАР - МАШВАРАТ ОИД БА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА](https://polytech.tj/upload/news/2025-01-22.474192736_1177858067676309_2218327889426661379_n.jpg)
![ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА ДАР СОЛИ 2024](https://polytech.tj/upload/news/2025-01-21.474085473_1176230387839077_129735942917883442_n.jpg)
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА ДАР СОЛИ 2024
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА ДАР СОЛИ 2024
Дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардида, дар он фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва муносибатҳои байналмилалиливу хоҷагидории донишкада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст оид ба фаъолияти гуногунсамти Донишкада гузориши директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аҳли ҷомеаи кормандону омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2024 фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Донишкада дар ин давра фаъолияти худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишу малакаи касбии мутахассисони омодашаванда, беҳтар намудани самаранокии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, тарбияи шоистаи ҷавонон, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, васеъ гардонидани робитаҳои хориҷӣ равона кардааст.
Дар Донишкада консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии самти илму маориф, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, мавриди иҷро қарор дода шудааст. Дар Донишкада айни ҳол аз рӯйи консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти беҳтар намудани таълиму тарбия ва фаъолияти илмию инноватсионӣ корбарӣ карда мешавад. Доир ба амалисозии стратегия ва барномаҳои давлатӣ нақшаи чорабиниҳо дар асоси нақша чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гашта, мавриди иҷро қарор дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд,ки дар соли ҳисоботӣ шумораи умумии омӯзгорон 186 нафарро ташкил намудааст. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 41% -ро ташкил медиҳад, ки ба меъёре, ки барои донишкадаҳо (35%) муайян шудааст, мувофиқат мекунад.
Таъкид шуд, ки дар соли 2024 дар донишкада 3 лоиҳаҳои илмии буҷетӣ иҷро шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар умум 15 нафар омӯзгорони донишкада ба иҷрои лоиҳаи илмии буҷетӣ ҷалб карда шудаанд. Ҳисоботи солонаи лоиҳаҳо дар Шурои ҳамоҳангсозии Академияи милли Тоҷикистон баррасӣ гашта, мусбӣ баҳогузорӣ карда шудааст.
Соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 2 нафар устодони донишкада рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд, ки аз онҳо 1 рисолаи номзадӣ (Негматуллоева М.) ва 1 рисолаи докторӣ (Худойбердиев Х.) мебошад.
Шаҳриёр Саъдуллозода зимни баромади худ гуфт, ки дар соли ҳисоботӣ барои муаррифӣ намудани натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар донишкада чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун, аз ҷумла, 5 конференсияи байналмиллалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 10 конференсияҳои сатҳи вилоятию донишкадавӣ ва 95 адад семинарҳо баргузор карда шуд. Дар соли ҷорӣ 1160 нусха (92 номгуй) адабиёти нав, аз ҷумла 699 нусха китобҳои тахассусӣ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф ба китобхонаи донишкада ворид гардид
Донишкада қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин “Нақшаи стратегии рушди донишкада барои солҳои 2023-2028”-ро дар самти беҳтар намудани фаъолият, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, донишу малакаи касбии мутахассисони омодашаванда, беҳтар намудани самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифода намудани усулҳои инноватсионии таълим, тамоми малакаи касбӣ ва имкониятҳоро истифода намуда, ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардид.
Зикр гардид, ки дар соли 2024 аз шумораи умумии хатмкунандагон Донишкадаро 796 нафар хатм намудааст, ки аз он 77 нафарашон бо дипломи аъло сарфароз шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 16 нафар устодон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд, аз ҷумла 6 нафар аз рӯйи равияи математика ва физика, 8 нафар – иқтисодиёт ва 2 нафар – забон ва адабиёт. Дар соли тақвимии 2024 шумораи дастурҳои таълимӣ-методии аз тарафи омӯзгорони донишкада таҳиягардида ба 213 адад расонида шуд, ки аз ин 38 адад китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ таҳия карда шудааст. Аз тарафи устодони Донишкада 7 монография, 5 мақолаҳои сатҳи Scopus, 93 мақолаҳои КОА, 96 мақолаҳои байналмилалӣ ва 43 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ нашр гашта, 3 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 4 нахустпатент гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарфи омӯзгорон 1 рисолаи докторӣ ва 1 рисолаи номзадӣ ҳимоя гашта, 4 унвони илмии дотсент гирифта шудааст. Неруи илмии Донишкада аз 41%-ро ташкил медиҳад. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” 11 нафар донишҷӯён иштирок намуда, 2 нафар барои гирифтани ҷойи 2-ум (физика) ва 3-юм (технологияи иттилоотӣ) сазовори гардиданд. Соли 2024 Донишкада дар 4 лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат варзидааст ва зиёда аз 10 созишномаҳои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ баста шудааст. Соли сипаришуда дар умум, дар донишкада беш аз 200 вохӯриву чорабиниҳои гуногунмазмун гузаронида шуданд, ки ба тарбияи сиёсӣ, ахлоқиву маънавӣ, маърифатӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, масъулиятшиносӣ, касбинтихобкунӣ, зебоипарастӣ, варзишӣ, ҳаёти солим, гуманистӣ ва экологӣ равона шуда буданд.
Сипас дар муҳокимаи масъалаи матраҳгардида, аъзои Шӯрои олимони донишкада Заррина Акрамова, Музаффар Бобоев ва Маҳина Усмонова баромад намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба нататиҷаҳои назарраси фаъолияти донишкада дар соли 2024 баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа ба як қатор донишҷӯён ва устодони фаъоли донишкада, ки соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд, бо Сипоснома ва маблағҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.
Шуъбаи кор бо ВАО
![](https://polytech.tj/upload/news/content/17374701010.png)
![](https://polytech.tj/upload/news/content/17374701011.png)
![](https://polytech.tj/upload/news/content/17374701012.png)
![](https://polytech.tj/upload/news/content/17374701013.png)
![](https://polytech.tj/upload/news/content/17374701014.png)