• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    СЕМИНАР - МАШВАРАТ ОИД БА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА
 СЕМИНАР - МАШВАРАТ ОИД БА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА
СЕМИНАР - МАШВАРАТ ОИД БА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА

СЕМИНАР - МАШВАРАТ ОИД БА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА
«... Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад». (Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Дар ин замина, бояд рушди иқтидори илмӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, анҷом додани тадқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.
Дар ин росто, баҳри такмили фаъолияти омӯзгорон дар пойгоҳҳои электронии нашрияҳои илмӣ, таҳкими мавқеъи донишкада дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва зиёд намудани ҳамкориҳои илмии донишкада, санаи 21 - 22-юми январи соли 2025 аз ҷониби маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо семинар - машварат оид ба таҳкими фаъолияти байналмилалии устодону кормандони донишкада баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар мавзӯъҳои гуногун, ба монанди: таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ; имкониятҳои барномаҳои грантӣ, аз қабили Erasmus+, Fulbright, DAAD, MEXT ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешниҳод гардида, иштирокчиён бо роҳҳои воридшавӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ошно карда шуданд.
Қисмати дигари семинар - машварат ба мавзӯи платформаҳои илмӣ иқтибосоварӣ ва нақши он дар таҳкими мавқеъи донишкада дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида шуда, зимни он баҳри иштирокдорон имкониятҳои платформаҳои иқтибосоварии илмӣ, аз ҷумла Scopus, Web of Science, Google Scholar, eLibrary.ru, ResearchGate, Academia.edu, ва ORCID муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин, дар рафти семинар - машварат оид ба нақш ва моҳияти ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои байналмилалии соҳавӣ, ба монанади: Association for Computing Machinery (ACM) – барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи компютер ва технологияҳои иттилоотӣ; Artificial Intelligence Association of China (CAAI) – барои рушди тадқиқот дар соҳаи зеҳни сунъӣ; International Union of Architects (UIA) – барои пешбурди инноватсияҳо дар меъморӣ ва сохтмон; Society of Automotive Engineers (SAE) – барои рушди технологияҳои нақлиётӣ ва автомеханика; World Energy Council (WEC) – барои ҳалли масоили марбут ба энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи он; ва истифодаи тавсияҳо дар раванди таҳияи барномаи таълим ва мундариҷаи дарсҳо музокираҳо баргузор гардид.
Шуъбаи кор бо ВАО










: 333

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены