• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМ: РАҚАМИКУНОНӢ - РАВАНДИ НОГУЗИРИ РУШДИ ҲАР ЯК ДАВЛАТ АСТ
 Новости
ПАЁМ: РАҚАМИКУНОНӢ - РАВАНДИ НОГУЗИРИ РУШДИ ҲАР ЯК ДАВЛАТ АСТ

Технологияи муосир қисми ҷудонашавандаи ҳаёти на танҳо як шахс, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ шудааст. Ҳоло тасаввур кардани корхонае, ки аз пешрафти илму технологияҳои рақамиро истифода намебарад, хеле душвор аст. Дар ҷаҳони муосир технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тиҷорат, истеҳсолот, илму маориф, иттилоот ва коммуникатсия, тиб, ва инчунин дар идоракунии кадрҳо васеъ истифода мешавад.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ нисбат ба татбиқи таҳия ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар таърихи инсоният зудтар ба вуҷуд меояд, яъне дар тӯли ду даҳсола, технологияҳои рақамӣ тақрибан 50 фоизи аҳолии мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Масалан, имрӯзҳо дар соҳаи тандурустӣ, технологияҳои рақамӣ, ки ба истифодаи зеҳни сунъӣ асос ёфтаанд, қисми ҷудонопазир гаштааст, зеро бе ин технологияҳо дар тибби муосир ташхиси бемориҳои гуногун душвор ва баъзан ҳатто ғайриимкон мебошад. Системаи рақамӣ дар ин соҳа дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор намондааст.
Инчунин дар соҳаи маориф технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим барои азхудкунӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонанда, дастрас ва самаранок кардани раванди таълим имконият фароҳам меорад. Масалан, таъмини муҳити омӯзиши виртуалӣ ва таълими фосилавӣ ба донишҷӯен имкон дод, ки дар барномаҳое иштирок кунанд, ки дар акси ҳол чунин имконият надоранд.
Ғайр аз ин, бояд қайд кард, ки бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, хидматҳои давлатӣ дастрастар шуда, дар натиҷаи истифодаи зеҳни сунъӣ самаранокии хидматҳои давлатӣ баланд гашт. Яъне, татбиқи зеҳни сунъӣ дар хидматрасонии давлатӣ имкон дод, ки равандҳо ба таври автоматӣ иҷро гашта, ба қабули қарорҳо суръат бахшида шавад ва инчунин ҳамкорӣ ва робита бо шаҳрвандон хубтару беҳтар карда шавад.
Аз ин мисолҳо бармеояд, ки имрӯз ҷаҳон дар раванди глобализатсияи иқтисоди рақамӣ қарор гирифта, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунӣ масъалаи муҳими сиёсати иқтисодии ҳар як давлат мебошад. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вобаста ба вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт истода гузаштанд. Маҳз таваҷҷуҳи Пешвои миллат буд, ки имсол масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон кардани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар 5 соли оянда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ, бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
- қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
- рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи шабакаҳои 5G;
- рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
-рушди сармояи инсонӣ тавассути омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар ҷараени пешниҳоди хидматҳо ва бақайдгирии давлатӣ;
- андешидани чораҳо дар самти таъмини амнияти киберии махзанҳои иттилоотӣ;
- ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди тиҷорати электронӣ.
Ҳамин тариқ Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳуҷҷати стратегӣ буда, он ба ҳамаи мо ҳамчун роҳнамо дар татбиқи самараноки технологияҳои рақамӣ барои таҳкими рақобатпазирии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.
Шоира Саидова,
н.и.т., омӯзгори калони кафедраи
технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ


: 239

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены