• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ: МО БОЯД АЗ СОҲИБДАВЛАТУ СОҲИБВАТАН БУДАНАМОН ШУКРОНА КУНЕМ
 Новости
МУЛОҚОТ: МО БОЯД АЗ СОҲИБДАВЛАТУ СОҲИБВАТАН БУДАНАМОН ШУКРОНА КУНЕМ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова ва муовини сартабиби беморхонаи клиникии №1 шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои тиб, Саодат Аминҷонова мулоқот баргузор гардид.
Муҳаррам Темурова раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада вохӯриро ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро бо мазмуну муҳтавои вохӯрӣ шинос намуд. Мавсуф дар баромади худаз ҷумла иброз дошт, ки имрӯзҳо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, фаъолгардонии накши занон, фароҳам овардани шароит барои ташаккули донишу касб, маҳорату малака, тарбияи ахлоқӣ ва муҳаббат ба Ватан якчанд қарору фармонва барномаҳо роҳандозӣ карда шудаанд. Раёсати донишкада дар партави ин сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат амал намуда, барои фаъолияти бомарому осудаи занону духтарон тамоми шароитро фароҳам намудааст.
Шуҷоат Ҳасанова, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд дар баромади худ иброз дошт, ки яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад. Дар баробари арҷгузорӣ ба Зан-Модар роҳбари хирадманду дурандеши Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа унвон намуданд. Таҳлили нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар масъалаи ташаббусҳои занон собит месозад, ки ин сиёсат дар оянда низ рушд ёфта, ба таъкиди Сарвари давлат, Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ менамояд. Эътимоду боварие, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарони тоҷик иброз карданд, бонувони кишварро боз ҳам руҳбаланд намуда, ба фатҳи қуллаҳои баланди пешрафт, фаъолияти пурсамар ва пайгирии иқдому ташаббусҳои наҷиб раҳнамун месозад. Дар партави гуфтаҳои Пешвои миллат мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем. Мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.
Муовини сартабиби беморхонаи клиникии №1 шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои тиб, Саодат Аминҷонова дар баромади худ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим сухан намуда иброз дошт, ки саломатии ҳар инсон гарави асосии зиндагии хушбахтонаи ӯст. Мавсуф дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумот дода, илова намуд, ки оқибатҳои асосии зуҳуроти шаклҳои гуногуни зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон пеш аз ҳама шиканҷа, паст будани сатҳи эътимод ба худ, осеби равонӣ, бад шудани вазъи солимии ҷисмонӣ ва равонӣ мебошанд. Дар ин маврид зарурияти муроҷиат ба марказҳои равоншиносӣ ба миён меояд. Муроҷиат ба чунин марказҳо метавонад роҳнамои хубе барои оилаҳои ҷавон бошад.
Дар хотимаи вохӯрӣ Муҳаррам Темурова, раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада ба меҳмонон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки донишҷӯдухтарони донишкада бо кирдору рафтори намунавӣ, дониши хубу аъло барои пешрафти кишвари азизамон саҳм мегузоранд. Имрӯз тамоми занону духтарони тоҷик шукр аз он мекунанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Сарвари муаззами кишвар ба орзуву омоли худ расидаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ба сар мебаранд ва соҳиби Ватани худ бо тамоми урфу анъанаҳои миллии аҷдодӣ ҳастанд.
Раёсати донишкада бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шаклҳои мухталифи сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани фаъолияти онҳо талош меварзад.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 93

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены