

ТАҶЛИЛ: САДА - ОИНИ ҚАДИМАИ АҶДОДӢ
Ба ифтихори ҷашни миллии ниёгон – Иди Сада дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номиа кадемик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷандчорабинии идона ва озмун таҳти унвони “Сада-оини қадимаи аҷдодӣ” бо намоиш додани маҳсули ҳунарии дастранҷи донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Донишҷӯён аз рӯи номинтасияҳои “Баромади беҳтарин”, “Таоми миллии беҳтарин”, “Либоси миллии ниёгон”, “Ашёи қадима”, “Боғбони беҳтарин” ва “Донандаи таърихи ниёгон” маҳорату истеъдоди худро нишон доданд.
Аз ҷониби донишҷӯёни ҳаваскори донишкада оид ба Сада шеъру тарона пешкаши аҳли ҳозирин гардид. Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода зимни суханронии худ,аз ҷумла таъкид намуд, ки идҳои Наврўз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ҳамчун ҷашнҳои расмӣ ва эътирофнамудаи мардуми тоҷик аст. Бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтани ин ҷашнҳо боз аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати мо ба фарҳангу арзишҳои маънавии худ таваҷҷуҳи хосса дорад. Боварӣ дорем, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби раёсати донишкада Дипломҳои дараҷавӣ ва фаъолон бо Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Шуъбаи кор бо ВАО