• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ДАР ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ТАШКИЛИ ГУРУҲҲО БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ РОҲАНДОЗӢ МЕГАРДАД
 Новости
ДАР ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ТАШКИЛИ ГУРУҲҲО БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ РОҲАНДОЗӢ МЕГАРДАД

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ аз руйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 баргузор гардид.
Нахуст, директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода доир ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, муносиабтҳои байналмилалӣ ва тарбиявии ин боргоҳи маърифат иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки аҳли ҷомеаи кормандону омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2024 фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Донишкада дар ин давра фаъолияти худро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишу малакаи касбии мутахассисони омодашаванда, беҳтар намудани самаранокии корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, тарбияи шоистаи ҷавонон, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, васеъ гардонидани робитаҳои хориҷӣ равона намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 41 % -ро ташкил медиҳад, ки ба меъёри муқарраршуда барои донишкадаҳо (35%) ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон дар соли ҳисоботӣ 72 нафар ҳайати омӯзгорони Донишкада дар назди муассисаҳои таълимӣ ва илмии дохил ва хориҷи кишвар такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд. Дар баробари ин бо эҳсоси масъулият ва саъйи комил ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишкада бо таваҷҷуҳ ба дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар татбиқи сиёсати давлатии илм, таълим, омода кардани мутахассисони баландихтисос, кадрҳои илмию педагогӣ ва иштирок дар амалисозии ҳадафҳои рушди миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳамкорони моро дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.
Аз ҷумла, устодони донишкада профессор Азизулло Авезов бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардида, устодон Усмонҷон Ахмедов, Назира Бобоҷонова ва Хайринисо Темирова бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон Умарова З.М., Рашидов Н.Ҷ., Башиков И.Т. ва Раҳимов А.А. бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва устодон Азимов Н.А., Одилов З.Р., Ашурова Ш. ва Раҳматуллоева М. бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд, ки боиси ифтихори донишкада мебошад.
Зикр гардид, ки миқдори донишҷӯёне, ки стипендияи давлатии академӣ мегиранд 275 нафар мебошанд. Дар барорбари ин 2 нафар донишҷӯёни донишкада стипендияи Президентӣ, 9 нафари дигар стипендияҳои номии донишкада, 27 нафар Стипендия Раиси вилояти Суғд ва 5 нафар Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷандро шарафёб гардиданд.
Барои самаранокии таълим, ҷиҳати таъмин намудани донишҷӯён бо объектҳои таҷрибаомӯзӣ айни замон бо 184 корхонахои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ, инчунин ташкилоту идорахо шартномаҳои ҳамкории дутарафа баимзо расонида шудааст.
Донишазхудкунии донишҷӯёни донишкада дар давраи фаъоли сессия дар сатҳи 75,8 % қарор дошта, сифати таълим бошад ҳиссаи 50,2 %-ро ташкил медиҳад.
Шаҳриёр Саъдуллозода доир ба натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар 8 монография, 5 мақолаҳо дар маҳзанҳои иқтибосоварии байналмилалии Scopus ва Web of Science, 93 мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА, ва зиёда аз 210 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии гуногун нашр шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 5 нахустпатент барои ихтироот, 4 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ва 12 адад санадҳои татбиқ ба даст овардаанд. Дар Донишкада 4 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 10 конференсия ва ҳамоишҳои илмии гуногун баргузор карда шудааст.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 11 нафар донишҷӯён иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар қисмати саволу ҷавон аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Нуъмон Раҷабзода, (рӯзномаи “Омӯзгор”), Абдуҳамид Ҷӯраев, (радиои “Замон”), Қамари Аҳрор (ОИ “Спутник-Тоҷикистон”), Афзал Босолиев (ШТР “Азия”), Мафтуна Шукурова (ШТР “СМ1), Раънои Муҳаммад (маҷаллаи “Кайҳон”), Фарзона Шамсиева (рӯзномаи “Тоҷикистон”), Файзуллохон Обидов (рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”), Ленура Мустафаева, (рӯзномаи “Согдийская правда”), Робия Розиқова (рӯзномаи “Нилуфар” ва дигарон доир ба фаъолияти илмию таълимӣ ва муносибатҳои байналмилалии донишкада саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Шаҳриёр Саъдуллозода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз нақшаву иқдомҳои ояндаи донишкада ҳарф зада, аз ҷумла афзуд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимтарине, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо таъкид гардид ва доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Мо низ дар ин самт нақшаҳои мукаммал дар даст дорем, аз ҷумла ихтисосҳои нав дар ин самт. Ҳамчунин таъсиси ихтисосҳои бо забони англисӣ, ки талаби замон аст, пиёда карданӣ ҳастем, зеро пойгоҳи илмии донишкада дар ин самт устувор аст. Ва дар оянда боз тақвият дода мешавад.
Шаҳриёр Саъдуллозода, нишасти матбуотиро ҳусни анҷом бахшида, таъкид дошт, ки ҳайати кормандону омӯзгорони Донишкада дар оянда низ баҳри рушди раванди таълиму тарбия ва омодакунии мутахассисони пуртаҷриба, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ, 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, тарбияи шоистаи ҷавонон ҳамаи захира ва имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 80

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены