

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ДАФТАРИ БАРНОМАИ ҶАҲОНИИ ОЗУҚАИ СММ
Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода роҳбари Дафтари минтақавии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар вилояти Суғд Умеда Ахмедоваро бо ҳайати ҳамроҳонаш пазируфт.
Умеда Ахмедова, роҳбари Дафтари минтақавии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар вилояти Суғд бо таваҷҷуҳ аз пойгоҳи илмию тадқиқотӣ ва зеҳнии донишкада роҳандозии равобити тарафайнро пешкаш намуда, онро ба манфиати умум арзёбӣ дошт. Бахусус оид ба ҳамкорӣ дар лоиҳаҳо ва ҷорӣ намудани рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби мутахассисони донишкада пешниҳодҳои судмандро ироа дошт. Таъкид шуд, ки ин ташаббус ба рушди соҳаи аграрӣ ва истифодаи технологияҳои нав мусоидат хоҳад кард.
Шаҳриёр Саъдуллозода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташрифи меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҳавасмандии раёсати донишкадаро ба рушди ҳамкориҳо баён дошт. Таъкид шуд, ки зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷумҳурӣ аст, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ он таъкид гардид, дар ҷодаҳои мухталифи донишкада қадамҳои устувор гузошта шудааст. Зеҳни сунъӣ дар айни замон вазифаҳоеро, ки маъмулан талаби зеҳни инсонӣ мебошанд, бо суръати баланд иҷро мекунад. Дар кишоварзӣ барои истифодаи самаранок ва кӯмак ба кишоварзон дар интихоби беҳтарин вақт ва усулҳои кишту парвариши маҳсулот зеҳни сунъиро истифода намудан имконпазир буда, ин технология метавонад ба афзоиши ҳосилнокии замин ва коҳиши талафот дар занҷирҳои таъминот мусоидат намояд.
Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои номбаршуда истифодаи зарфиятҳои донишкадаро роҳандоӣ хоҳанд намуд
Шуъбаи кор бо ВАО