

ДАРС БО ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ГУНОГУНИ ҒАЙРИАНЪАНАВӢ
Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи факултети информатика ва энергетикаи ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шари Хуҷанд аз тарафи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент Заррина Акрамова дарси кушоди намунавӣ бо забони русӣ дар мавзуи “Издержки производства и виды” барои донишҷӯёни курси якуми ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
Омӯзгор бо мақсади фаъолноксозии донишҷӯён ба ҷараёни таълим услуби демократии муоширатро пеш гирифта, истифодаи усулҳои гуногуни ғайрианъанавиро ба роҳ монд.
Дар ҷараёни машғулияти амалӣ алоқамандкунии назария бо амалия дида шуд. Инчунин, мавзуъ ба самти ихтисос вобаста карда шуд, ки он ҷиҳати бедорсозии шавқи донишҷӯён ба забономӯзӣ мусоидат хоҳад намуд. Дарс бар пояи баланди илмӣ, методӣ ва тарбиявӣ ташкил гардида, мақсад ва вазифаҳои гузоштаи омӯзгор ба иҷро расонида шуд. Дар интиҳо Маҳбуба Авезова, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, мушовири шуъбаи сифат ва назорати электронӣ ба сифати дарси кушод баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд кард, ки лексия ва машғулияти амалӣ ба самаранокии баланд гузашт. Унсурҳои асосии муваффақият ин салоҳияти баланди касбии устод, забони адабӣ ва нутқи бурро мебошанд. Устод дорои дониши амиқи назариявӣ ва амалӣ ҳастанд, ки имконият дод бо истифода аз воситаҳои электронӣ мавзуи мушкилро фаҳмо ва дастрас пешниҳод намоянд. Истифода аз ҳисси кӯмакрасонии мутақобила донишҷӯён ба 4 зергуруҳи сатҳи донишашон нисбатан баробар ҷудо карда шуданд ва дар иҷрои супоришҳои ба усулҳои интерактивии таълим бо фаъолияти хело баланд иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории дарсҳои кушод ва намунавӣ дар донишкада дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба донишазхудкунӣ, баланд бардоштани сифти таълим ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” амалӣ шуда истодааст.
Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод ва намунавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондани машғулиятҳо, роҳандозии усулҳои фаъоли таълим, истифодаи техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ арзёбӣ мешавад.
Шуъбаи кор бо ВАО