

ҶАЛАСАИ ШУРОИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
15-уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор шуд. Дар он муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вазири маориф ва илм аз тавваҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, қайд намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ин тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин рӯ беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, назорати давомоти донишҷуён, пажуҳиш ва донишҳои муосир дар раванди таълим барои дастовардҳои нав ба нав заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷаласа масъалаҳои интихоби раиси нави шуро, баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои соли 2025, таъсиси факултетҳо ва кафедраҳо дар самти омода намудани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ ҷиҳати рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ, натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот дар нимсолаи 1-уми соли хониши 2024-2025, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, рақамикунонии низоми таҳсилоти олии касбӣ, омӯзиш ва тарғиби Паёми Пешвои миллат, беҳтар ба роҳ мондани корҳои мустақилонаи донишҷуён ва омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, ҳамбастагии илм бо истеҳсолот ва чанде дигар мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи ҷавонон дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои 32-юмин солгарди иди Артиши миллӣ, Рӯзи модарон ва Наврӯзи оламафрӯз ва чанде дигар супоришҳои мушаххасдод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон