

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ: ДИЛОВАР ИСОЕВ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ҲИМОЯ НАМУД
Омӯзгори калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Исоев Диловар Талисович санаи 15-уми феврали соли 2025 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003-и дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Рушди таъминоти ташкилию методии низоми ҳисоботи молиявии бонкҳо дар шароити истифодабарии СБҲМ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.08-Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит бо муваффақият ҳимоя намуд. Диссертатсияи мазкур таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва қарзи Донишкада Бобоев Мирзоҳаёт Усмонович сарбаландона иҷро шудааст.
Ҳайати омӯзгорию профессории донишкада Диловар Исоевро бо ин дастоварди илмӣ дар оғоли соли нави 2025 табрику таҳният намуда, ба устод дар ҷодаи илму тадқиқот муваффақиятҳои беназирро орзу менамояд.
Шуъбаи кор бо ВАО