

МУЛОҚОТ: МАШҒУЛ ШУДАН БА ОМӮЗИШИ ИЛМИ МУОСИР МОРО АЗ ХУРОФОТПАРАСТӢ ДУР МЕКУНАД
Дар толори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, кор бо матбуот ва муносибатҳои байналхалқӣ, мушовири адлияи дараҷаи II Мириноят Пайрав Сайфидинзода бо устодон ва донишҷӯёни донишкада роҷеъ ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор шуд.
Директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Паёми Презизиденти мамлакат барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон раҳнамою қутбнамои зиндагӣ мебошад. Муҳтавоии асосии Паём таҳлилу баррасии фаъолияти Ҳукумати мамлакат дар ҷодаҳои мухталиф мебошад. Пешвои муаззами миллат чун ҳамешагӣ ба масълаи таълиму тарбияи фарзандон, ба камол раоснидани мутахасисони баландихтисос низ дахл карданд.
Воқеан ҳам яке аз вазифаҳои ҷонии мову шумо, устодони азиз, тарбия намудани фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои хуби тоҷикон мебошад. Мутассифона, дарки нодурусти демократия ё озодӣ боиси он гардидааст, ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, алалхусус баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба чиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд. Хушбахтона имрӯз мақсадҳои ғаразноки ин гуна афроду ҳаракатҳо аз тарафи мақомотҳои қудратӣ ошкор гардида, фаъолияти онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ зуд ҷилавгирӣ мешавад.
Ҳамзамон, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва созандагиву бунёдкории мардуми меҳнатқарини кишварамон Точикистони азиз ба марҳилаи комилан нави инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ворид шуда, рӯз аз рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода, ободу зебо гардида истодааст.
Шаҳриёр Саъдуллозода зимни баромади худ, ҳамзамон доир ба таҷлили 32 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолият ин таъсиси Артиши миллӣ бо иродаи қавӣ, матонат, хирадмандию ватандӯстии Президенти Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин кори наҷиб ва барои давлату миллати тоҷик хеле зарурӣ маҳсуб мешуд. Ва феълан метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз артишҳои неруманди минтақа табдил ёфта, вазифаи бузурги хешро ба сомон мерасонад. Ва ин мактаби мардонагию шуҷоат аст, ки дар саргаҳи таъсиси он, дар саргаҳи шаклгирии мактаби миллии ҳарбӣ Сарфармондеҳи Қувваҳои олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Албатта, ин мактаб метавонад барои тарбия намудани насли ватандӯсту худогоҳу хештаншинос, содику баномус ва шучою далер саҳм гузорад ва дар шаклгирии тафаккури ватандӯстонаи насли ҷавон таъсири амиқ гузорад.
Сипас, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, кор бо матбуот ва муносибатҳои байналхалқӣ, мушовири адлияи дараҷаи II Мириноят Пайрав Сайфидин баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон диққати махсус зоҳир намуданд. Зеро таҷрибаи чандинсолаи муборизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон бо зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ собит намуд, ки муассиртарин роҳи дур доштани наврасону ҷавонон аз тафаккури тундгароию хурофотпарастӣ фаро гирифтани онҳо ба омӯзишу парвариши солим мебошад.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «…то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳад монд».
Баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор ғаразҳои нопоки худро ба воситаи ҷавонони ноогоҳ амалӣ кардан мехоҳанд. Бо ин мақсад онҳо нафарони тангназар ва камсаводро мағзшӯӣ карда, ба доми фиреби худ мекашанд, чунон мафкураи онҳоро дигар мекунанд, ки аз ҳеҷ кор рӯй натобанд, бар зидди давлату миллати худ ҳарф зананд, обрӯи мамлакати худро резонанд ва ба рӯи модари худ пой гузоранд. Ана дар ҳамин гуна даврони ҳассос ба масъалаи маориф таваҷҷуҳ кардан нишонаи хиради воло ва дурбинонаи Сарвари давлати тоҷикон аст.
Аммо як нуктаи дигарро набояд фаромӯш кард, ки дар тарбияи кӯдакону наврасону ҷавонон на танҳо кӯдакистон, мактабҳою донишгоҳҳо, балки кулли ҷомеа бояд саҳм дошта бошад.
Ҷавонони моро низ зарур аст, ки ба қадри талошҳою заҳматҳои ободкоронаи Роҳбарияти Давлату миллат бирасанд ва фикри ҳимояю созандагии Ватани азизро барои ҳамешагӣ дошта бошанд. Ҳимояи марзу буми мамлакат вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Точикистон мебошад. Зеро ҳимоя аз марзи муқаддаси Точикистон -ин ичрои рисолати муқаддаси ватандӯстӣ мебошад.
Дар анҷоми мулоқот суолу пешниҳодҳои судмнад ироа гардиданд.
Шуъбаи кор бо ВАО