

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ «САД РАНГИ ЧАКАН» ҒОЛИБ ШУДАНД
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2025, №АП-713, ва дар асоси низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси вилоят аз 10 феврали соли 2025, №39 ва қарори Раиси шаҳр бо мақсади ташвиқи тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифи фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони шаҳри Хуҷанд санаи 19 феврали соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар фестивал тарроҳон ва дизайнерон аз донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касби иштирок намуда соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Дастаи донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин либоси рӯзмарра» ҷойҳои якум ва дуюм ва дар номинатсияи «Беҳтарин либоси қадима» ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.
Шуъбаи кор бо ВАО